Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурузи маризии аъзои ҳозима дар Ҳисор


Як гурӯҳи мутахассисони маркази санитарӣ - эпидемиологии вазорати беҳдошти Тоҷикистон дар маризхонаи марказии ноҳияи Ҳисор омилҳои бурузи маризии аъзои ҳозима дар ин ноҳияро меомӯзад. Вазорати беҳдошти Тоҷикистон гуфтааст, илали аслии бурузи ин беморӣ ҳавои гарм ва истеъмоли таом дар шароити аз лиҳози беҳдоштӣ ғайри қобили пазириш будааст. Тахмин зада мешавад, истеъмоли тарбузу харбузаҳо боиси сар задани ин маризӣ дар ноҳияи Ҳисор гардида бошад. Ва аммо аз теъдоди маризон ҳарфе зада намешавад ва вазорати беҳдошт мегӯяд, айни ҳол, маълумот оид ба шумори маризон санҷида ва пас аз мушаххас шудан эълом хоҳад шуд.
Ҳумоюни Шаҳриёр, Душанбе
XS
SM
MD
LG