Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи бемории кушандаи сиёҳзахм дар Рашт


Се сокини мавзеъи Ярҳаби ноҳияи Рашт мубталои бемории сиёҳзахм гаштаанд ва дар бемористони ин ноҳия муолиҷа мегиранд. Камолиддин Ёров, мудири шӯъбаи бемориҳои сироятии ноҳияи Рашт ба Радиои Озодӣ гуфт, барои нахустин бор дар чанд даҳсолаи ахир аст, ки чунин беморӣ дар ноҳия ба қайд гирифта мешавад. Ҷаноби Ёров гуфт, "Беморон ба шӯъбаи касалиҳои сироятии ноҳияи Рашт муроҷиат намуданд, ки дар онҳо нишонаҳои бемории сиёҳзахм дида мешуд. Баъди ташхиси пурра маълум шуд, ки дар воқеъ онҳо мубталои ин бемории хатарнок шудаанд. Дар ҳоли ҳозир, боз якчанд нафар бо нишонаҳои ин беморӣ муроҷиат кардаанд."
Ҷаноби Ёров гуфт, сиёҳзахм касалии сироятӣ буда, пайомадҳои нохуш дар пай дорад. Ба гуфтаи ӯ, танҳо муборизаи муташаккил имкони аз байн бурдани онро хоҳад дод. Ин беморӣ, ки умдатан аз чорво ба инсон сироят мекунад ва вируси он то садсолаҳо дар таркиби хок зинда мемонад.
Маҳмуди Шодӣ, Рашт
XS
SM
MD
LG