Пайвандҳои дастрасӣ

RSF ҳукми Ҷумъабой Толибовро бепоя хонд


Созмони байналмилалии "Гузоришгарони Бидуни Марз" марказаш дар шаҳри Париж рӯзи панҷшанбе қарори зиндонӣ кардани хабарнигори тоҷик ва раҳбари шӯъбаи ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ Ҷумъабой Толибовро маҳкум кард.
Пас аз зӯҳри 28 июл додгоҳи ноҳияи Шаҳристон Ҷумъабой Толибовро бо гуноҳҳои авбошӣ, баромадан аз ваколати хидматӣ ва нақзи қонуни дахлнопазирии манзил гунаҳкор дониста ба ду соли зиндон маҳкум кард. Тибқи қарори додгоҳ Ҷумъабой Толибов ҳамчунин аз ҳаққи машғул шудан ба фаъолияти журналистӣ барои як сол маҳрум шуд. Паскал Бонамур - раҳбари дафтари Аврупо дар созмони "Гузоришгарони Бидуни Марз" ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳукм "бепоя" ва сабаби нигаронии созмони онҳост.
Хонум Паскал Бонамур ҳамчунин ба Радиои Озодӣ гуфт, созмони онҳо барои ҳимоят аз ҳаққи Ҷумъабой Толибов ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон нома ирсол ва тақозои тағйири ҳукми ӯро хоҳад кард. Ҷумъабой Толибов, ки дар чанд мақолааш дар нашрияҳои давлатӣ додситони ноҳияи Айниро танқид карда буд, мегӯяд, ӯ бегуноҳ аст ва маҳз барои ҳамин мақолаҳояш ба додгоҳ кашида шудааст. Хабарнигори тоҷик қасд дорад, аз рӯи ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят барад.
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG