Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи навбатии президенти Тоҷикистон


Раҳбарияти Тоҷикистон дар баробари ақаллиятҳои миллӣ ва намояндагони мазоҳиби гуногун, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ менамоянд, аз сиёсати дуруст кор мегирад. Ин матлабро Ҳорун Токак, раиси бунёди адибон ва рӯзноманигорони Туркия дар маросими тақдими ҷоизаи сулҳи ин бунёд ба президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иброз дошт. Раиси бунёди нависандагон ва рӯзноманигорони Туркия зимни суханронии худ дар ин маросим нақши президент Раҳмоновро дар ба даст омадани сулҳ ва раванди таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нек ва созанда арзёбӣ намуд. Президенти Тоҷикистон дар навбати худ аз нақши бунёди адибон ва рӯзноманигорони Туркия дар кори тавсиаи ҳамкориҳои башардӯстона миёни ду кишвар ситоиш намуд ва хостори густариши бештари ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла, илму фарҳанг шуд.
Бунёди адибону рӯзноманигорони Туркия як конуни давлатӣ буда он ҳамасола талошҳои сиёсатмадорони алоҳидаро дар амри таҳкими сулҳ ва дӯстии миёни халқҳо бо ҷоизаи махсус қадр менамояд.
Холиқи Сангин, Душанбе.
XS
SM
MD
LG