Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пизишкони атфоли Тоҷикистонро омӯзиш медиҳанд


Бо пуштибонии молии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва созмони байналмилалии "Здрав Плюс", як барномаи тандурустӣ рӯи даст гирифта шудааст, ки дар чаҳорчӯбаи он, ба пизишкони тоҷик роҳҳои таҷрибашуда ва камхарҷу соддаи табобати бемориҳои сироятӣ ва марговар дар миёни кӯдакони то панҷсола омӯзонида мешавад. Ҳусейн Аминов, мудири бахши сиҳатии модару кӯдаки вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, барои таълими пизишкони тоҷик мутахассисон аз Қазоқистон даъват шудаанд. Вай гуфт, шунавандагони ин бахшҳо, аслан, пизишкони бекор ва хатмкардагони бахши бемориҳои кудаконаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мебошанд

Заура Айиспанова, коршиноси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, барномаи мазкур барои кишварҳои фақир ва ниёзманд пешбинӣ шудааст ва Тоҷикистон аз зумраи кишварҳои фақиртарин ба шумор меравад. Хонум Айиспанова гуфт, ин барнома аз се қисм иборат аст, омӯзиши духтурони бачагона, дуввум, бо доруву дармони ройгон таъмин намудани беморхонаҳо ва марказҳои беҳдоштии кӯдакона ва саввум, боло бурдани дониши модарони ҷавон оид ба нигоҳубини кӯдакон аз давраи навзодӣ то панҷсолагӣ.

Коршиносони соҳаи беҳдоштӣ ба ин назаранд, ки яке аз мушкилоти умдатарин дар роҳи коҳиши маргу мири кӯдакон, бахусус, дар деҳоти кишвар, нарасидани духтурони атфол мебошад. Бар асари камии маош, аксари онҳо ҷойи корашонро тарк кардаанд. Наталя Исонбоева, пизишки кӯдакона аз Қазоқистон бо қиёси маоши ҳадди ақали Тоҷикистон ва Қазоқистон гуфт:

"Ҳарчанд, мушкилоти кишварҳои собиқ шӯравиро мешавад яксон номид, аммо, дар ҳоли ҳозир, маоши ҳадди ақали пизишкони қазоқ ҳудудан сад доллари амрикоиро ташкил мекунад. Ман шунидам, ки маоши ҳадди ақали духтурон дар Тоҷикистон то понздаҳ сомонӣ, муодили панҷ доллар аст, ин албатта хеле кам аст."

Ҳусейн Аминов, мудири шӯъбаи сиҳатии модару кӯдак дар робита ба боло бурдани маоши духтурони тоҷик гуфт, аз ҷониби ҳукумати кишвар ҳама чораҳои зарурӣ дида шудааст, ки ин мушкил ҳалли худро то андозае пайдо кунад. Ӯ гуфт, аз якуми август дар тамоми кишвар барномаи табобати пулакӣ ҷорӣ мегардад ва чил фоизи маблағи аз ҳисоби аҳолӣ ба хазинаи беморхонаҳо ворид шуда ба маоши пизишкон ҳамроҳ мегардад.

Бино бар ҳарфи ҷаноби Аминов, яке аз сабабҳои дигари нарасидани пизишкон дар деҳоти кишвар ин будааст, ки тӯли нӯҳ соли ахир, риштаи бемориҳои кӯдакона дар Донишгоҳи Тиббӣ баста шуда буд. Ва аммо барои рафъи мушкилоти пешомада соли равон ин ришта аз нав фаъол шудааст ва қарор аст, ба он 150 донишҷӯ қабул шавад.
XS
SM
MD
LG