Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Русия дар Душанбе дар бораи нерӯҳои низомии Ғарб дар минтақа


Рамазон Абдулатифов, сафири Русия дар Тоҷикистон перомуни изҳороти кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар мавриди ташхиси замонати хурӯҷи нерӯҳои эътилофи зиддитеррор аз минтақа гуфт, ин табиист, ки бояд мӯҳлати будубоши пойгоҳҳои низомии Амрико таъин шавад, чуноне аз аввал дақиқан маълум буд, ки пойгоҳҳои низомии Русия то чанд сол дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Вай афзуд, тақозои кишварҳои узви созмони саривақтӣ ва дуруст аст ва аз ин хотир баёнияи Созмони Ҳамкории Шанхайро намешавад, ба унвони муборизаи як кишвар бо ҷониби дигар барои густариши ҳузур дар минтақа арзёбӣ кард: Ҷаноби Абдулатифов гуфт:

"Хабарнигорон ба ин гуна тавзеҳ ҳақ доранд, вале сиёсатмадорон бояд мутобиқи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқӣ сухан гӯянд. Аз ин рӯ, гап сари ба талаботи санадҳои байналмилал мутобиқ намудани фаъолияти пойгоҳҳои низомӣ ва нерӯҳои дигари мустақар дар минтақа меравад, ки давлатҳои узви созмони мазкур инро тақозо кардаанд. Масалан, агар пойгоҳи низомии Русия ба талаботи санадҳои байналмилал ҷавобгӯ намебуд, аз мақомоти Русия дар мавриди пойгоҳи низомияш низ ҳамин чиро талаб мекарданд. Барои ин ки, масъала дар сатҳи ду кишвар матраҳ шавад, давлат бояд аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ихроҷ шавад. Барои мисол, Узбакистон метавонад мустақилона ин масъаларо бо кишвари дигар баррасӣ кунад, аммо Қирғизистон наметавонад, чунки шомили ин созмон аст."

Рамазон Абдулатифов ҳамчунин гуфт, тибқи як аҳди кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ тамоми нерӯҳои мустақар дар минтақа бояд фаъолияти бонизом ва дақиқ дошта бошанд. Сафири Русия мегӯяд, давлатҳои абарқудрат ба мисли Амрико, Фаронса, Бритониё, Покистон, Ҳиндустон ва Чин бо таваҷҷӯҳ ба манофеъи худ баъзан мешавад, ки аз таҳдидҳои мавҷуда сарфи назар мекунанд ва пайомадҳои он дар мисоли ҳаводиси имрӯзаи олам рӯшан мебошанд. Ҷаноби Абдулатифов афзуд, вазири дифоъи Амрико Доналд Рамсфелд зимни боздид аз Тоҷикистон гуфтааст, масоили зиёди марбут ба ҳузури нерӯҳои мустақар дар минтақа ҳалталаб боқӣ мондаанд ва бояд мавриди муҳокимаи дуҷониба ва чандҷонибаи кишварҳо қарор дода шавад. Дар ин робита, сафири Русия мегӯяд, барои байни ду кишвар матраҳ намудани масъалаи ҳузури нерӯҳои Амрико дар минтақа давлатҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷаъӣ ҳақ надоранд. Дар акси ҳол, онҳо бояд аз узвияти ин созмон хориҷ шаванд.
XS
SM
MD
LG