Пайвандҳои дастрасӣ

Тағъироти кадрии нав дар ҳукумати Тоҷикистон


Рӯзи панҷшанбеи 28 июл дар ҷаласаи васеъи ҳукумати Тоҷикистон, ки таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Тоҷикистон сурат гирифт, масоили муҳими ҷомеаи Тоҷикистон, ба монанди ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон, эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва масъалаҳои дигари иҷтимоии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Тибқи иттилоъи дафтари матбуоти Тоҷикистон, дар ин нишаст Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар соли равон ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ ба ду миллиарду 800 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки ин дар қиёс бо соли гузашта беш аз ҳашт дар сад афзоиш ёфтааст ва дараҷаи таваррум то чаҳор фисад коҳиш ёфта музди миёнаи ҳадди ақал 84 сомониро ташкил додааст. Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмонов дар ин ҷаласа дар масъалаи тағъироти кадрӣ чанд қарор содир намуд. Аз ҷумла, Руқия Қурбонова, раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар аз мақомаш барканор ва ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардид. Ба ҷои ӯ дар вазифаи раиси кумитаи кор бо занон ва оила Ситора Шерова таъин шуд. Ҳамчунин, Шералӣ Мирзоев, муовини вазири дифоъ ва Нуралӣ Саидов, муовини раиси кумитаи давлатии сохтмон таъин шуданд.
XS
SM
MD
LG