Пайвандҳои дастрасӣ

Исми шатранҷбози рақами яки Тоҷикистон маълум шуд


Мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон миёни мардон дар пойтахти ин кишвар бо пирӯзии Анвар Назаров, шатранҷбози 45-солаи шаҳри Душанбе хотима ёфт. Вай дар шаш дидори худ бар ҳарифонаш дастболо шуда се бозиро мусовӣ анҷом дод ва бо ҳафтуним имтиёз байни 63 нафар мақоми аввалро касб кард. Устоди байналмилалӣ Анвар Назаров ба Радиои Озодӣ гуфт, ба шоҳмот аз синни ёздаҳсолагӣ шуғл дорад ва дар шонздаҳсолагиаш ба ҳайати тими мунтахаби калонсолони Тоҷикистон дохил шуда тӯли солҳои зиёд шарафи ин кишварро дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ ҳимоя кардааст. Вай дар идома иброз дошт, баъди танаффуси сесола дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ширкат варзида нахустин бор соҳиби мақоми аввал гаштааст.
Ва як хабар барои мухлисони бокс. Бино ба иттилоъи Бобоҷон Муҳаммадрасулов, раиси федератсияи бокси Тоҷикистон тими мунтахаби ин кишвар дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Қӯқанди Узбакистон чаҳор медал ба даст овард. Муштзани тоҷик, Хуршед Ҷӯраев дар рақобатҳо дар вазни 64 кило муваффақ ба дарёфти медали тилло шуд. Шодӣ Холов дар вазни 48 кило, Мирҷамол Ғиёсов дар вазни 69 кило ва Константин Мокроусов дар вазни 81 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG