Пайвандҳои дастрасӣ

Оби тоза барои бист ҳазор сокини Хатлон


Беш аз бист ҳазор сокини навоҳии Восеъ, Кӯлоб, Мӯминобод, Фархор ва Ҳамадонии вилояти Хатлон ба оби тоза дастрасӣ пайдо кардаанд. Барномаи рушди Созмони Милал ва дафтари мадади хайрияи Иттиҳоди Аврупо дар дувоздаҳ деҳаи вилояти Хатлон низомҳои таъмини об бунёд кардаанд. Дар варақаи иттилоотии барномаи рушди Созмони Милал омадааст, аксари корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла, кофтани чоҳҳоро худи сокинони маҳаллӣ иҷро кардаанд. Ҳамакнун, ҳудуди се ҳазор оила дар ин деҳаҳо дастрасӣ ба оби тоза доранд ва ҳам аз хавфи гирифтори амрози сироятӣ шудан бинобар истеъмоли оби ифлос раҳо ёфтаанд.
Ҳумоюни Шаҳриёр, Душанбе
XS
SM
MD
LG