Пайвандҳои дастрасӣ

Мадади Бонки Ҷаҳонӣ ба кишоварзони Суғд


Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи сешанбе, 27 июл барномаи истифодаи самараноки захираҳои оби водии Фарғонаро тасдиқ кардааст, ки дар вилояти Суғди Тоҷикистон амалӣ ва барои он 13 миллион доллари амрикоӣ масраф мешавад. Тибқи ин барнома бояд шабакаҳои обёрии вилояти Суғд тармиму таҷдид шаванд, ки ин дар навбати худ ба беҳбуд ёфтани соҳаи кишоварзӣ ва ҳамзамон беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.
Вилояти Суғд, ки дар водии Фарғона ҷойгир шудааст, хонаи 11 миллион нафар сокинони се кишвари Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон буда, як минтақаи муҳими Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Пас аз суқути шӯравӣ шабакаҳои обёрии вилояти Суғд хароб гашта, боиси бад шудани обёрии киштзорҳо ва камҳосилӣ шудаанд. Барномаи истифодаи босамари захираҳои обии водии Фарғона иборат аз чаҳор қисмат буда, тармими сарбанди обанбори Қайроқум дар ноҳияҳои Конибодом ва Бобоҷон Ғафуровро дар назар дорад. Ҳамчунин дар доираи он бояд истгоҳи обтаъминкуние дар ин ноҳия тармим шавад, ки аз он 30 ҳазор гектар киштзор обёрӣ мешавад.
Кулли 13 миллион доллар ҳамчун кӯмаки бебозгашт барои Тоҷикистон ҷудо шудааст ва ин барнома бояд то охири тирамоҳи соли 2010 ба пуррагӣ татбиқ шавад.
Тоҳири Сафар, Тоҷикистон
XS
SM
MD
LG