Пайвандҳои дастрасӣ

Намоиши тавлидоти Русияву Эрон дар Душанбе


Баргузории намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии Русия дар Душанбе мавзӯъи аслӣ дар як мулоқоти ҳайати кории вазорати иқтисоди Русия бо ҳамтоёнашон аз палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон будааст. Виктор Каротин, раҳбари бахши савдо ва саноати вазорати иқтисоди Русия дар робита ба ин намоишгоҳ гуфт, дар он маҳсулоти беш аз сад ширкати саноатии Русия ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд. Бино бар ҳарфи ҷаноби Каротин, дар ин намоишгоҳ, ҳамчунин, техникаи соҳаи саноат ва кишоварзӣ, ба монанди трактор, техника барои сохтмон, барои коркарди сангҳои қимматбаҳо ва қисмҳои мухталифи мошинҳо ва дастгоҳҳои бофандагӣ ба фурӯш гузошта мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Ҳасаналӣ Қармалиев, муовини раиси палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон гуфт, қарор аст, дар Душанбе дар авохири моҳи август намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии ҷумҳурии исломии Эрон низ доир гардад. Вай гуфт, баргузории чунин намоишгоҳҳои муштарак ба соҳибкорон ва мутахассисони соҳаи саноати Тоҷикистон имкон медиҳад, бо навгониҳои муосири ин соҳа ошно гарданд ва аз таҷрибаи ҳамтоёни хориҷии худ истифода баранд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG