Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҳиртарин бонуи шатранҷбози тоҷик


Саодат Одинаева, шатранҷбози шаҳри Душанбе қаҳрамони шоҳмоти Тоҷикистон байни занон дар соли 2005-ум гардид. Вай дар мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмот, ки бо ширкати 24 зани шатранҷбоз аз манотиқи мухталифи ин кишвар дар толори мактаби шоҳмоти шаҳри Душанбе тӯли нӯҳ рӯз идома кард, дар ҳафт дидор ғолиб омада, ду бозиро мусовӣ анҷом дод ва бо ҳашт имтиёз муваффақ ба дарёфти медали тилло шуд.
Шатранҷбозони ҷавон, Надежда Антонова, қаҳрамони имсолаи шоҳмоти Тоҷикистон миёни духтарони синнашон то 20-сола аз шаҳри Душанбе ва Елена Нуриддинова, қаҳрамони шоҳмоти Тоҷикистон дар соли 2004-ум аз шаҳри Чкалови вилояти Суғд бо ҳафтимтиёзӣ мутаносибан мақоми дуввуму севвумро касб карданд. Зебо Улуғхоҷаева, довари ин мусобиқа дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Саодат Одинаева, ки мураббии мактаби махсуси шоҳмоти шаҳри Душанбе мебошад, имсол нахустин бор ҳам қаҳрамони шоҳмоти Тоҷикистон ва ҳам қаҳрамони шоҳмоти пойтахти ин кишвар гардид.
Бино ба иттилоъи Зебо Улуғхоҷаева дар мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон миёни мардон қабл аз бозиҳои даври охирин чаҳор нафар - Анвар Назаров, Ашӯр Ёрмадов, Муҳаммадхӯҷа Ҳусейнхоҷаев ва Алӣ Оқилов, ки шашу ним имтиёзӣ ба даст овардаанд, дар садри ҷадвал қарор доранд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG