Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии иқтисоди Тоҷикистон дар Вашингтон


Тоҳири Сафарё

Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи сешанбе стратегияи нави кӯмак ба Тоҷикистонро барои солҳои молии 2006-2009 баррасӣ ва тасдиқ кардааст, ки барномаи фаъолияти ин ниҳод дар Тоҷикистон, додани қарз, кӯмакҳои фаннӣ ва таҳлили вазъи иқтисодии ин кишварро дар бар мегирад. Дар баёнияи матбуотии Бонки Ҷаҳонӣ, ки имрӯз нашр шуд, омадааст, тибқи стратегияҳои пешина Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон кӯмак кард, то хоҷагиҳои кишоварзии кишварро, ки аз як се ҳиссаи заминҳои киштро истифода мебурданд, таҷдид намояд. Барномаҳои таҷрибавии фақрзудоӣ дар навоҳии фақиртарини Тоҷикистон ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, барои беҳтар шудани вазъи зиндагии ним миллион мардуми ин манотиқ ва ба фаро гирифтани шумори ҳарчӣ бештари наврасон бо таҳсил ва хадамоти аввалияи беҳдоштӣ мусоидат карданд.
Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, Тоҷикистон кишвари фақиртарини ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ ва яке аз мамолики ҷангзадаест, ки ҷанги дохилиро ба зудӣ пушти сар карда ва амнияти дохилиро таъмин намуда, соҳиби ҳукумати қодир ба идораи давлат шуд. Ин кишвар ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ дар чаҳор соли гузашта пешравиҳои чашмгири иқтисодӣ дошта ва солона иқтисоди он 10 дар сад рушд кардааст.
Ин ниҳоди байналмилалии молӣ афзудааст, бо вуҷуди ин ҳама пешравӣ Тоҷикистон ҳамчунон яке аз кишварҳои осебпазири Иттиҳоди Давлтаҳои Мустақил боқӣ мемонад. Бонки Ҷаҳонӣ зикр кардааст, ки тибқи стратегияи нави кӯмак ба Тоҷикистон ба ин кишвар то чор соли дигар ҳудуди 120 миллион доллар кӯмаки молӣ хоҳад шуд.
Тоҷикистон соли 1993 ба увзияти Бонки Ҷаҳонӣ пазируфта шуд ва аз он замон то кунун аз ин ниҳоди ҷаҳонии молӣ беш аз 350 миллион доллар қарз ва кӯмакҳои фаннӣ дарёфт кардааст.
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG