Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин давраи омӯзишӣ барои пизишкони атфоли Рашт


Рашт

Кӯдакпизишкони водии Рашт аз дастовардҳои охирини тибби муосири дунё дар соҳаи худ огаҳ мешаванд. Дар як давраи даҳрӯзаи омӯзишӣ, ки барои аввалин бор дар Рашт доир мешавад, духтурони атфоли ин минтақаи кӯҳистонии кишвар бо усулҳои муосири мубориза зидди амрози кӯдакон ошно мешаванд.

Ҷамолиддин Сангов, пизишки омӯзишдиҳанда мегӯяд, бештари таваҷҷӯҳ ба бемориҳои роҳи нафас, дарунравӣ, баландшавии ҳарорат, амрози гӯшу гулӯ, ҳамзамон, тарзи додани ғизои дуруст ба кӯдакон равона шудааст. Ба гуфтаи ӯ, кӯдакон бештар дар синни якҳафтаина то панҷсолагӣ зиёд бемор мешаванд. Баҳодур Тақдиров, кӯдакпизишк аз ноҳияи Тоҷикобод мегӯяд, асосан, кӯдакон аз бемориҳои роҳи нафас ва дарунравӣ бештар азият мекашанд ва дар баъзе маврид мефавтанд.

Валиҷон Ҷамилов, ки сиву панҷ сол инҷониб бо кӯдакон сару кор дорад, мегӯяд, бо беҳ шудани вазъи иқтисодии кишвар сатҳи беҳдоштии кӯдакон низ боло рафтааст. Ба эътиқоди ӯ, дар муқоиса бо чанд соли пеш амрози шикамравӣ ва роҳи нафас, ки сабаби фавти кӯдакон мегардид, бо теъдоди назаррас коҳиш ёфтааст. Аммо, дар ҳамин ҳол, пизишк Фазлиддин Ёров, муоинаи хонандагони макотиби Раштро мисол оварда мӯътақид аст, норасоии ёд ҳудуди навад дар сади атфолро ба дараҷаи бидуни бемории ҷоғар гирифтор кардааст, ки дар сурати пешгирӣ накардан аломатҳои нохубро дар пай доштааст. Ҷамолиддин Сангов мегӯяд, оянда дар назар аст, чунин омӯзишҳо зиёдтар дар водии Рашт гузаронида шавад.
XS
SM
MD
LG