Пайвандҳои дастрасӣ

Қатъи фаъолияти се созмони мазҳабӣ дар Тоҷикистон


Раиси кумитаи дини Тоҷикистон Муродулло Давлатов бо таъйиди ин хабар гуфт, ин созмонҳо хилофи ойиномаҳои худ дар миёни мардум мазҳабҳои худро таблиғу ташвиқ кардаанд ва аз ин амалҳои онҳо дар зарфи 1 соли ахир ба унвони кумитаи дин шикоятномаҳо расидаанд:

"Баъзе аз ташкилоти динии ғайрисломӣ фаъолиятҳое мебаранд, ки дар ойинномаашон нишон дода нашудааст. Масалан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ таблиғу ташвиқ мебаранд ва варақаҳо паҳн мекунанд. Ва мо барои гирифтани пеши роҳи ин қонунвайронкуниҳо чора мебинем."

Дар ҳамин ҳол намояндаи калисои "Адвентистони Рӯзи Ҳафтум" воқеъ дар шаҳри Душанбе Эдвард Белёв дар робита ба бархӯрди кумитаи дини Тоҷикистон бо фаъолияти созмонҳои мазҳабии ғайрисломӣ гуфт, шояд баъзе аз созмонҳои динии ғайриисломӣ ба хотири манофеи худ, рафтори ғайриқонунӣ кунанд, аммо ин ба он мъно нест, ки ҳамаи мазҳабҳои ғайрисломӣ дар Тоҷикистон аз қавонини ҷории ин кишвар берун амал мекунанд.

Ҷаноби Эдвард гуфт:
"Шояд кумитаи дини Тоҷикистон ҷиҳати боз доштани фаъолияти ин созмонҳои динӣ, ягон асосе, ё далели қатъӣ дошта бошад, ман мутаасифона дар ин бора хабар надорам, аммо ба фикри ман, шикояти чанде аз сокинони ноҳияҳо наметавонист, далели баста шудан, ё муваққатан боз доштани фаъолияти созмонҳои динӣ гардад, зеро дар ҳама ташкилоту созмонҳо ва масҷиду калисо мутаасифона ҳастанд афроде, ки манфиати шахсии худро аз манфиати динӣ боло мегузоранд ва ба иштибоҳот роҳ медиҳанд. Бояд ба ин масъала хеле эҳтиёткорона муносибат кард. Ба фикри ман, мавҷудияти чунин созмонҳои динӣ барои тарбияти рӯҳии мардум манфиати зиёд дорад. Ба ғайр аз ин масалан, маркази динии мо ба мардуми ниёзманди Тоҷикистон пайваста кӯмакҳои башардӯстона, аз қабили ғизо ва дорувор кӯмак мерасонад. Аз ҳама муҳим фарҳанги рӯҳиву динии инсонҳоро боло мебарад."

Тибқи маълумоти кумитаи давлатии дини Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 85 созмони динии ғайриисломӣ фаъолият дорад. Ва беш аз 230 масҷиди ҷомеъ, 2867 масоҷиди панҷвақт, 18 мадраса ва як донишгоҳи исломӣ вуҷуд дорад. Ахиран ҳукумати шаҳри Душанбе дастур дода буд, то фаъолияти масоҷид ва дигар созмонҳои мазҳабии мавҷуд дар ин шаҳр таҳқиқ шавад.

Андешаи шумо доир ба ин гузориш
XS
SM
MD
LG