Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умеди рӯзноманигор аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон


Мухтор Боқизода - сардабири нашрияи "Нерӯи Сухан" бо ирсоли як баёния ба унвони раиси ҷумҳур, додситони кулли Тоҷикистон ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Душанбе гуфтааст, бо айби мақомоти вазорати молиёти кишвар вай наметавонад, фаъолияти рӯзноманигории худро пеш барад. Мухтор Боқизода дар ин баёния гуфтааст, ки парвандаи ҷиноии алайҳи ӯ бозшуда ангезаҳои шахсӣ дошта ва ба фаъолияти хабарнигории вай иртибот дорад.

Ба иттилоъи Иттиҳоди расонаҳои мустақили электронии Тоҷикистон НАНСМИТ, Мухтор Боқизода аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва додситони кулл тақозо кардааст, то дар рафъи ин мушкил ба вай кӯмак кунанд. Мухтор Боқизода дар баёния гуфтааст, ки ба бархе аз намояндагони ниҳодҳои давлатӣ мақолаҳои интиқодии хабарнигорон писанд намеоянд ва онҳо барои раҳоӣ аз муҳокима, ба хабарнигорон фишор меоранд.
Сардабири "Нерӯи Сухан" гуфтааст, ки аз ҷониби афроди ношинос пайваста таъқиб мешавад.

Рӯзномаи "Нерӯи Сухан" пас аз таввақуфи шашмоҳа 9 июли соли равон аз нав интишор шуд, вале як ҳафта баъд аз он кормандони идораи молиёти шаҳри Душанбе ба дари нашриёти "Кайҳон" - ҷойи нашри рӯзнома мӯҳр зада, чопи онро ғайримумкин карданд. Мақомоти ин идора мегӯянд, Мухтор Боқиев шумораи нашри рӯзномаро кам нишон дода ва ҳамин гуна аз пардохти молиёт саркашӣ кардааст. Ин идора таҳқиқи қазияи мазкурро идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG