Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Доварон муқаррароти нави футболро меомӯзанд


Дар давраҳои омӯзишии доварони футбол дар шаҳри Душанбе 32 нафар аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ширкат доранд. Бино ба иттилоъи Мирзо Муҳаммадҷонов, муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба машғулиятҳо Николай Левников, намояндаи ФИФА, ки раиси ҳайъати мушовираи доварони иттиҳоди футболи Русия мебошад, раҳбарӣ мекунад.
Ҷаноби Муҳаммадҷонов ба Радиои Озодӣ гуфт, бо қарори ФИФА аз якуми июли соли равон дар қавоиди бозиҳои футбол баъзе тағйирот ворид шудааст ва ба ин хотир федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки доварони тоҷикро бо ин дигаргуниҳо ошно созад. Вай ҳамчунин иттилоъ дод, ҳамзамон дар шаҳри Душанбе бо кӯмаки Конфедератсияи футболи Осиё давраҳои омӯзишии мураббиёни футбол ҷараён дорад. Машғулиятҳо бо ширкати 22 мураббии тимҳои футболи Тоҷикистон то 15 август идома хоҳад кард. Ба гуфтаи Мирзо Муҳаммадҷонов, баъди хатми машғулиятҳо беҳтарин мураббиёни футболи тоҷик нахустин бор соҳиби шаҳодатномаи дорои муҷаввизи «А» хоҳанд шуд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG