Пайвандҳои дастрасӣ

Дурнамои сомонӣ то охири соли 2005


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар тавзеҳномаи сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва молии давлати Тоҷикистон ба унвони мудири Сандуқи Байналмилалии Пул Родриго Рато гуфтааст, ки давлати Тоҷикистон қасд дорад, то поёни соли 2005 сатҳи тавварумро дар марзи 7 дар сад нигаҳ дорад. Агарчӣ давлати Тоҷикистон сатҳи камтари тавварумро то охири сол пешбинӣ мекардааст, аммо ба тавзеҳи иқтисоддонҳои кишвар поён рафтани қиммати пахта ва алюминий дар бозори ҷаҳонӣ сабаб шудааст, то кишвар ба ин барномаи худ таҷдиди назар кунад.
Дар тавзеҳнома ҳамчунин омадааст, поён рафтани қиммати пахта ва алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ба дурнамои рушди дохилии таъсири манфӣ хоҳанд расонид. Дигар сабабҳое, ки метавонанд сабаби беқурбшавии пули миллии тоҷикӣ шаванд, инҳо боло рафтани қиммати нафт ва сӯзишвории нафтӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва ҳамчунин инфлятсия дар кишварҳое аст, ки шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд.
Дар тавзеҳнома ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки дар семоҳаи аввали соли 2005 афзоиши интиқоли пул таввасути муҳоҷирони корӣ, соҳибкорони хурд ва тоҷирон ба Тоҷикистон ҳамчунон ба бештар шудани даромади хонаводаҳо дар кишвар ва ҳамчунин болоравии сатҳи истеъмол мусоидат кардааст.
Сандуқи Байналмилалии Пул ба Тоҷикистон дар роҳандозии сиёсати ислоҳоти иқтисодии он кӯмаки молӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG