Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳи Амрико дар Қирғизистон мемонад


Вазири дифоъи Қирғизистон Исмоил Исҳоқов пас аз мулоқоташ бо Доналд Рамсфелд - вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтааст, ин кишвар то замоне, ки вазъи Афғонистони ҳамсоя талаб мекунад, метавонад пойгоҳи ҳавоии худро дар Қирғизистон нигаҳ дорад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли 2001-ум ба думболи ҷанг бо террор дар Афғонистон дар Қирғизистон пойгоҳи низомии худро таъсис дод, ки дар он ҳудуди ҳазор сарбоз мустақар шудаанд.
Ояндаи ин пойгоҳ баъд аз он ки кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва раҳбари Қирғизистон аз Амрико даъват карданд, замони ихроҷи ин нерӯҳояшро таъйин кунад, таҳти суол қарор гирифт. Доналд Рамсфелд имрӯз ҳамчунин бо президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев мулоқот кардааст. Қарор аст, имрӯз вазири дифоъи Амрико вориди Тоҷикистон шуда, бо раҳбарони ин кишвар низ дидору гуфтугу кунад.
XS
SM
MD
LG