Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Рамсфелд дар Душанбе


Баъд аз зӯҳри рӯзи сешанбе, бисту шашуми июл боздиди расмии Доналд Рамсфелд, вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Тоҷикистон оғоз ёфт. Бар асоси иттилоъи дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, барномаи сафари Доналд Рамсфелд дар Тоҷикистон аз дидор бо сарварони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, аз ҷумла, Шералӣ Хайруллоев, ҳамтои тоҷики ӯ, Мирзо Зиёев, вазири ҳолатҳои фавқулодда ва Сайидамир Зуҳуров, раиси кумитаи давлатии ҳифзи сарҳад шурӯъ меёбад. Ба дунболи он, мулоқоти Доналд Рамсфелд бо президент Эмомалӣ Раҳмонов ва баргузории як нишасти матбуотӣ дар назар аст.
Доналд Рамсфелд дирӯз дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон бо Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури Қирғизистон мулоқот карда буд. Силсиласафари вазири дифоъи Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба дунболи даъвати Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аз Амрико ва муттаҳидинаш дар эътилофи ҷаҳонии зидди террор дар таъини замони хурӯҷи нирӯҳо ва пойгоҳҳои низомии худ аз кишварҳои узви ин созмон анҷом меёбад. Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар нишасти ахири худ дар Остона аз Амрико ва муттаҳидинаш дар эътилофи зидди террор даъват карда буд, ки ба далели оддитар шудани вазъ дар Афғонистон замони хурӯҷи нирӯҳои худро муайян намояд. Гуфта мешавад, масъалаи аслии матраҳ дар сафари Доналд Рамсфелд ба Осиёи Марказӣ сарнавишти ин нирӯҳо мебошад. Нирӯҳои амрикоӣ замони мубориза бо Толибон дар Афғонистон вориди Қирғизистон ва Узбакистон гардида буд, вале бо вуҷуди он ки бузургтарин пойгоҳи низомии Амрико дар Осиёи Марказӣ, дар Хонободи Узбакистон мустақар аст, Доналд Рамсфелд нақшаи сафар ба ин кишварро надоштааст.
Ҳумоюни Шаҳриёр, Душанбе
XS
SM
MD
LG