Пайвандҳои дастрасӣ

Қонуни мубориза бар зидди фасод имзо шуд


Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи душанбе қонун «Дар бораи мубориза бо коррупсия»-ро имзо кард. Тибқи иттилоъи дафтари матбуоти раисҷумҳур, Қонуни мубориза бо фасод бо таҳия ва тасвиб аз тарафи порлумони кишвар ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шуда буд ва Тоҷикистон талош дорад, ба муоҳидаи Созмони Милал оид ба мубориза бо фасод ҳамроҳ шавад. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси ҷумҳур, ба қонуни ҷиноии кишвар ду моддаи нав ворид гардид. Акнун мутобиқи ин моддаҳо барои истеҳсолу нигаҳдорӣ ва ба муомилот баровардан ё ҳамлу нақли моли бидуни тамғаи давлатӣ ва тақаллубӣ сохтани нишонаҳои аксизӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG