Пайвандҳои дастрасӣ

Дарди сахте, ки мақомоти Тоҷикистон дар табобаташ оҷиз мондаанд


Зокир Вазиров - вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, натиҷаи таҳқиқоти вазорат ва Созмони Ҷаҳонии Кор нишон додааст, ки ғолибан ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар соҳаи сохтмон поймол мешавад. Яъне баъзан музди кори мардикорон пардохт намешавад, бисёрашон дар шароити барои ҳаёт хафвнок кор мекунанд:

«Мо оид ба набудани бехатарии меҳнат ва пурра напардохтани музди меҳнат, кор бурда истодаем ва дар бисёр мавридҳо маблағҳои онҳо баргардонида мешаванд. Кордиҳандаи тарафи Русия дар аксари ҳол намехоҳад, ки дар шакли легалӣ мардикорро кор фармояд. Барои он ки дар ҳолати ғайрилегалӣ кор арзон аст.»

Зокир Вазиров афзуд, барои пешгирӣ аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон онҳо бо ҳукумати Русия шартномаҳои зиёди ҳамкорӣ бастаанд. Муҳоҷироне, ки бо онҳо чанде қабл дар Маскав сӯҳбат доштам, гуфтанд, ки новобаста аз он шартномаҳои зиёд барои ҳимояи манфиатҳои муҳоҷирон, мушкили онҳо ҳеҷ кам намешавад:

- Паспортомона ҳамроҳ намегирем, зеро милиса боздошт кунад, пули зиёд мегирад. Медоранд ва таҳқир мекунанд, мезананд.

- Сабти иқомат бар ивази 2500 рубл мешавад, аммо ҳамонро ҳам ба инобат намегиранд.

Аз Анвар Бобоев - сардори Хадамоти давлатии муҳоҷират суол кардам, ки оё вазорати кор муҳоҷирати кори ноболиғонро чӣ гуна ба низом медарорад?

Анвар Бобоев гуфт, расман ноболиғони муҳоҷир ба қайд гирифта нашудаанд, зеро қонунгузории кишвар ба мардикорӣ рафтани наврасонро иҷозат намедиҳад:
"Баъзе нафарон худсарона кӯдакони худро ҳамроҳ ба Русия мебаранд ва баъд ба кор маҷбур мекунанд."

Зиндагии сахти мардикорони тоҷик дар Русия ва дарду азоби ҳиҷрати онҳоро агарчӣ бисёриҳо медонанд, аммо ҷавонон дигар чорае надоранд, ба ҷуз аз роҳ гирифтан боз ба сӯи ин кишвар.

Шоми фурудгоҳи шаҳри Душанбе рӯзҳои парвози ҳавопаймоҳо ба Русия серодам аст ва 90 дарсади мусофирони ҳавопаймоҳо, ки ба шаҳрҳои Самараву Маскав ва Новосибирск парвоз мекарданд, мардони аз 16 то 35 сола ташкил мекунанд.
Бо яке аз онҳо аз ҷануби Тоҷикистон ҳамсӯҳбат мешавам:

"Москва меравам, аммо намедонам, ки ба куҷояш? Шароит вазнин аст, ман дар 24 даромадам ва бояд зан гирам, лекин шароит нест! Акнун бояд рафта пул кор кунам ва омада оиладор шавам. Боз ноҳияи моро сел зад, шароити хона ногувор аст, чӣ кор кунам? Дар инҷо кор нест, аз одами бекор ҳама безор!"

Дар фурудгоҳ барои гусели муҳоҷирон бародару хоҳаронашон мебароянд, онҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳар лаҳза ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, хумор шикананд. Табассум мекунанд ва ба назар хушҳол менамуданд. Аммо баробари аз назар ғоиб шудани мардикорон онҳо ашк мерезанд:

- Писарам Русия рафт.... омаданд.... хурсанд мешавем.....чӣ кор кунам, дигар интизор мешавам.....

- Ман тағову бародарамро гусел мекунам. Ман орзу мекунам, ки заводу фабрикаҳо ба кор дароянд ва бачаҳо дар инҷо кор кунанд. Мераванд онҷо, мебиёянд касалӣ! Ин ғам нест магар барои аҳли оила? Агар инҳо дар инҷо кор меёфтанд, ҳеҷ гоҳ ба мусофирӣ намерафтанд. Ҳоло бо инсоф диҳад, ки маошашона дар онҷо диҳанд, надиҳанд ҳеч чиз! Як бародарам 5 сол боз нест. Охир нараванд инҷо қашшоқӣ, ордро чӣ гуна мехарем?


Оилаҳои зиёде ҳастанд, ки солҳо наздикони худро интизоранду ҳатто аз онҳо хабаре надоранд. Вазорати кори Тоҷикистон мегӯяд, ба татбиқи барномаи наверо шурӯъ кардааст, ки ҳадафи он пайдо кардани мардикорони беному нишон гаштаи Тоҷикистон дар Русия ва дигар кишварҳои мухталиф аст. Бино ба иттилоъи вазорати кори Тоҷикистон, ҳудуди 400 000 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар кор мекунанд, ки 92 фисади онҳо дар Русия қарор доранд, вале мувофиқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират шумори муҳоҷирони кории тоҷик ба 1 миллион нафар мерасанд.
XS
SM
MD
LG