Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони Суғд Ҷумъабой Толибовро гунаҳкор медонад


Дар мавриде, ки Ҷумъабой Толибов - соҳибмақоми ҳукумати ноҳияи Айнӣ ва узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба маҳкама кашида шудани худро амали қасдгирона ва қонуншиканӣ аз ҷониби мақомоти умури дохила ва додситонии маҳаллӣ медонад, додситони вилояти Суғд Абдуғаффор Қаландаров боздошти хабарнигор ва муҳокимаи ӯро иқдоме арзёбӣ мекунад, ки бо риояти қонун аз ҷониби мақомоти интизомӣ ба иҷро расидааст. Оқои Қаландаров дар як нишасти хабарӣ бораи қазияи Ҷумъабой Толибов гуфт: "Дар рӯзҳои наздик Неъматулло Рухсатуллоев - айбдоркунандаи давлатии Ҷумъабой Толибов ба ман маълумот дод, ки дар ҷараёни бозбинии додгоҳӣ айбномаи нисбати ӯ сад дар сад исботи худро ёфта истодааст."
Ба ҳамин тариқ, додситони Суғд, новобаста ба ин ки баррасии парвандаи Ҷумъабой Толибов дар додгоҳи ноҳияи Шаҳристон ҳанӯз ҷараён дорад, иттиҳоми нисбати ӯро тақрибан пурра ба исбот расида медонад. Бар хилофи ин Ҷумъабой Толибов ва вакили дифоъи ӯ - Майсара Фохирова даъво доранд, ки парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Ҷумъабой Толибов аслан зимни тафтиши ававалия аз ҷониби кормандони умури дохилаи ноҳияи Айнӣ бо қонуншиканиҳои зиёд ва айбномаҳои бепоя боз шуда, баррасии додгоҳӣ низ ин айбномаро бо далелҳои қотеъ собит насохтааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG