Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мушкили манзил дар Душанбе


Кумитаи давлатии сохтмони Тоҷикистон мегӯяд, сохтмони Қасри Миллат дар пойтахти кишвар то моҳи августи соли оянда ба итмом мерасад ва ҳафтод дар сади хонаводаҳое, ки манзилҳояшон дар ҳудуди мавзеъи сохтмони ин иншоот қарор дошт ва бинобар оғози корҳои сохтмонӣ ин хонаҳо хароб шуданд, бо манзилҳои нав таъмин гардиданд.

Гуфта мешавад, дар ин қаср, ки бояд мувофиқи меъёрҳои байналмилал бунёд гардад, Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон меҳмонони хориҷии худро ба ҳузур хоҳад пазируфт. Матлуб Халифаев, раиси кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди таъмини маскунин бо манзилҳои нав, феълан, миёни онҳо ва ҳукумат дар мавриди ҷуброни зарари ҷониби якум ихтилофҳое сар задааст.

"Агар хонаро дар 5000 доллар гирифта бошанд, давлат ба онҳо 5000 медиҳад. Лекин агар хонаро дар 50 ҳазор харида бошанду дар ҳуҷҷатҳояшон барои андозро кам нишон додан, нархи онро ба панҷ ҳазор нишон диҳанд, чӣ хел давлат ба соҳибони онҳо 50 ҳазор диҳад?! Ана ҳамин хел фиребгаронро мо фош кардаем, акнун сарашонро ба санг зананд ҳам, дигар ҳеҷ коре карда намешавад. Дар байни як моҳ аҳолии он мавзеъе, ки бояд берун карда шавад ва бо манзил таъмин гардад, якбора ду баробар зиёд шуд. Яъне пагоҳ моро мехезонанду аз ҳамин ҳисоб хонаи нав гирем. Масалан, вақте манзилҳои назди фурудгоҳро хароб карданӣ будем, дар як хона ҳашт оила ҷой гирифтанд. Дар чор сотих замин чӣ хел ҳашт оила зиндагӣ карда метавонанд? Лекин ҳамин ҳуҷҷата кардагӣ."

Матлуб Халифаев афзуд, айни ҳол, манзил барои сокинони сабтиномшудаи шаҳри Душанбе кифоят мекунад, вале теъдоди шаҳрвандони бидуни қайд дар Душанбе ба маротиб зиёд аст ва бар асари камбуди манзил дар ҳар як хона то ҳашт нафар иқомат доранд. Ба гуфтаи раиси кумитаи сохтмон, бидуни ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ, мушкили норасоии манзил дар пойтахт ҳамоно нигаронкунанда боқӣ хоҳад монд.

Ба иттилоъи кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ дар ин кишвар ба маблағи беш аз сиву се миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, 275 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст.
XS
SM
MD
LG