Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилави бемории кушандаи силро кӣ мегирад?


Саъдулло Сайдалиев, раиси маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории сил дар робита ба ин барнома ба Радиои Озодӣ гуфт, дар чаҳорчӯбаи барномаи давлатии мубориза бо сил, феълан, беш аз даҳ созмон бо вазорати беҳдошти Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд:
"Созмони "Hope" ва созмони бритониёии "Мерлин" ба мо кӯмакҳои зиёд карданд. Ҳамчунин, бунёди олмонӣ ба мо беш аз ду миллион доллар барои татбиқи ҳамин барнома дод."

Мавлуда Маҳмудова, намояндаи "Hope" мегӯяд, ҳадафи барномаи мазкур дар баробари огоҳонидани аҳолии кишвар бо сил, ҳамчунин, таъмини беморон бо доруву дармон ва ташхису табобати ройгон дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон будааст. Хонум Маҳмудова афзуд, нахустин бор барномаи мазкур дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ санҷида шуд ва баъди натиҷаи дилхоҳи он, барнома дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон низ пиёда гардид:

"Яке аз самтҳои фаъолияти мо тибқи ин барнома, бо маводи ғизо таъмин намудани аҳолии навоҳие, ки дар онҳо бемории сил густариш пайдо кардааст ва ҳамчунин, нашру дастраси аҳолӣ намудани дастурҳои махсуси беҳдоштӣ дар робита ба ҷилавгирӣ аз бемории сил ва тавассути васоити ахбори умум огоҳонидани мардум иборат аст."

Ба гуфтаи Мавлуда Маҳмудова, масрафи ташхис ва табобатро дар дармонгоҳҳо созмони байналмилалии "Hope" ба ӯҳда гирифтааст. Дар ҳамин ҳол, як сокини пойтахт, ки худро Сулаймон Миров муаррифӣ кард, гуфт, беш аз панҷ сол аст, ки аз бемории сил ранҷ мебарад, аммо бо сабаби мушкилоти молӣ наметавонад, ба табобати худ машғул шавад. Вай гуфт, бар ивази доруву дармоне, ки аз ҷониби созмонҳои хориҷӣ ройгон дода мешавад, дар бархе аз беморхонаҳо пизишкҳо пул талаб мекунанд:

"Дар беморхонаи Мачитон хоб будам аз мо пул намегирифтанд, аммо дар беморхонаҳои шаҳр ҳамааш бо пул аст. Масалан, хунро аз раг барои ташхис гирифтан панҷ сомонӣ, аз ангушт ду ё се сомонӣ, хулоса барои супоридани анализ камаш даҳ- дувоздаҳ сомонат меравад."
XS
SM
MD
LG