Пайвандҳои дастрасӣ

Каспарови Тоҷикистон кӣ хоҳад шуд?


Шатранҷбозони шаҳри Душанбе Анвар Назаров ва Саодат Одинаева дар мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон, ки дар толори мактаби шоҳмоти пойтахти ин кишвар ҷараён дорад, мақоми аввалро ишғол мекунанд. Бино ба иттилоъи Ёқуб Раҳимов, муовини аввали раиси федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, устоди байналмилалӣ Анвар Назаров баъд аз ғалаба дар даври шашуми мусобиқа бар Сӯҳроб Ҳамдамов, қаҳрамони шоҳмоти Тоҷикистон дар соли 2004, бо панҷуним имтиёз дар рақобатҳо миёни мардон дар садри ҷадвал ҷой гирифтааст.
Устоди байналмилалӣ Ҷамшед Исоев ва Муҳаммадхӯҷа Ҳусейнхоҷаев,ки панҷ имтиёзӣ ба даст овардаанд, дар зинаҳои дуввуму севвум қарор доранд. Саодат Одинаева, қаҳрамони имсолаи шоҳмоти шаҳри Душанбе низ дар даври шашум бар қаҳрамони феълии шоҳмоти Тоҷикистон Елена Нуриддинова аз шаҳри Чкалови вилояти Суғд пирӯзӣ ба даст оварда бо панҷуним имтиёз дар рақобатҳо байни занони шоҳмотбози ин кишвар пешсаф шуд. Мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе, 27 июл ба поён мерасад.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG