Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Фаронса барои тақвияти нирӯҳояш дар Тоҷикистону Афғонистон


Вазири дифоъи Фаронса Мишел Аллио Марио дар хатми сафари серӯзааш ба Афғонистон дар пойтахти он кишвар, шаҳри Кобул гуфт, Фаронса мехоҳад ба хотири мусоидат ба таъмини амният дар пешорӯи интихоботи порлумонии Афғонистон теъдоди нирӯҳояш дар он кишварро бо 180 сарбоз, 2 ҳавопаймои борбар ва 6 ҷангандаи навъи "Мираж" тақвият диҳад.Хонум Мари гуфт, нирӯҳои нав аз моҳи август ба ҳайъати феълан 8 000-нафарии нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистон, ки таҳти фармондеҳии паймони низомии НАТО қарор доранд, хоҳанд пайваст.


Хабаргузории ИТАР-ТАСС аз қавли вазири дифоъи Фаронса овардааст, ки он кишвар бар асоси як тааҳҳуди ҳосилшуда ҳамаи 6 ҷангандаи навъи "Мираж"-ро дар ҳавлии фурӯдгоҳи Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мустақар мекунад. Феълан дар ин фурӯдгоҳ як нирӯи тақрибан 100-нафарии артиши Фаронса машғули кӯмаку мусоидат ба фаъолияти нирӯҳои фаронсавӣ дар Афғонистон аст. Ҷамъи нирӯҳои Фаронса дар Афғонистон дар ҳоли ҳозир наздик ба 1 300 нафар ҳисоб шудааст. Аз ин миён тақрибан 200 сарбоз аз нирӯҳои вижаи артиши Фаронса дар ҳайъати эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон машғули мубориза бо террор мебошанд.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG