Пайвандҳои дастрасӣ

Д.Рамсфелд - дар роҳ ба Осиёи Марказӣ


Имрӯз, 25 июл, силсиласафари вазири дифоъи Амрико Доналд Рамсфелд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ мешавад. Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, оқои Рамсфелд ибтидо аз шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон дидан ва бо раҳбарияти ҷадиди он кишвар мулоқот хоҳад кард. Дидори вазири дифоъи Амрико аз пойгоҳи низомии он кишвар дар ҳавлии фурӯдгоҳи Манас дар атрофи пойтахти Қирғизистон низ дар назар дошта шудааст.
Хабаргузориҳо мегӯянд, Доналд Рамсфелд рӯзи сешанбе дар пойтахти Тоҷикистон бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Хайруллоев мулоқот мекунад. Аммо бо вуҷуди дар Хонободи Узбакистон мустақар будани бузургтарин пойгоҳи низомии Амрико дар минтақа Доналд Рамсфелд ин бор нақшаи сафар ба он кишварро надоштааст.


Гуфта мешавад, масъалаи асосии матраҳ дар ин силсиласафар сарнавишти пойгоҳҳои низомии Амрико ва муттаҳидинаш дар ин минтақа мебошад. Таври маълум, ахиран Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки дар радифи Русияву Чин 4 кишвари Осиёи Марказӣ - Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистонро муттаҳид мекунад, аз Амрико ва муттаҳидинаш дар эътилофи ҷаҳонии зиддитеррор даъват кард, ба далели оддитар шудани вазъи Афғонистон ҷидвали замонии хуруҷи нирӯҳо ва пойгоҳҳои низомии худ аз кишварҳои узви ин созмонро таъйин кунанд.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG