Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори рӯзноманигори тоҷик дар Маскав


"Зиндагӣ" бо интишори акси Мавлон Раҷаб ва матлабе дар ин робита навиштааст, ба қатл расидани рӯзноманигори шинохтаи тоҷик аслан бозгӯи қисмати як идда аз қаламкашони тоҷик аст, ки бинобар мушкилоти рӯзгор тарки ватан намуда дар Русия аз дасти нокасону қотилони ин мулки бегона ҷони худро аз даст додаанд. "Зиндагӣ" дар ин замина аз куштори ваҳшиёнаи Искандари Хатлонӣ, хабарнигори радиои «Озодӣ» дар Маскав ёдовар шуда бо лаҳни интиқод таъкид менамояд, то ба ҳол мақомоти дахлдори Маскав гиреҳи ин куштори ноҷавонмардонаро боз накардаанд. Ба навиштаи «Зиндагӣ», ин ҳама дар ҳоле сурат мегирад, ки васоити ахбори Русия умдатан перомуни дастдарозии ба истилоҳ ҷавони тоҷике нисбат ба як духтари рус дар Маскав сару садоҳо баланд менамояд, аммо қатли ваҳшиёнаи тоҷикон ҳатто рӯзноманигорону адибони он дар Русия нафаре аз рӯзноманигорони русро ба ташвиш намеорад.

«Тоҷикистон» дар саҳифаи аввали худ навиштааст, «Боз як мардикор- рӯзноманигор қурбон шуд» Ин нашрия афзудааст, Мавлон Раҷаб дар роҳи мубориза барои адолат ва ҳимояи зане қурбон гашт. Аммо нашрия ин суолро матраҳ месозад, ки чӣ касоне омили анҷоми ин куштор будаанд? Ва аммо пулиси Маскав зимни сӯҳбати телефонӣ бо ҳафтаномаи «Тоҷикистон» гуфтааст, дар ҳоли ҳозир як нафар ҳамчун гумонбар мавриди боздошт қарор гирифтааст.

«Наҷот» дар пасманзари куштори рӯзноманигор Мавлон Раҷаб менависад, дар аксар маврид мардикорони тоҷик дар Русия бе пушту паноҳанд ва маҳз ба ин далел дар ин кишвар сари ҳар қадам дучори ранҷу азоб гашта ҳатто ба таври ваҳшиёна ба қатл мерасанд. «Наҷот» дар ин замина аз шеваи амалкарди мақомоти Тоҷикистон интиқод намуда ин суолро матраҳ намудааст, ки то ба кай мардикорони тоҷик андаруни қуттиҳои чӯбину оҳанин бо тани абгору хуншор ба Ватан бармегарданд?

Рӯзи забон аз мавзӯи дигарест, ки нашрияҳои Тоҷикистон ба он пардохтааанд. Аз ҷумла, «Ҷумҳурият» дар ин замина навиштаи вазири маорифи Тоҷикистонро ба нашр расонидааст. Дар ин навишта, Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон ба бознигарии қонуни имлои забони тоҷикӣ таъкид намуда ин иқдомро омили муҳими рушди минбаъдаи ин забон дар оянда номидааст.

«Курйер Таджикистана» дар рӯзи таҷлили иди забон аз ифтитоҳи аввалин сайти интернетии хабарии «Замон» ба забони тоҷикӣ хабар додааст. Нашрия аз қавли муассиси сайти мазкур, хабаргузории «Авасто» навиштааст, аз ин баъд тозатарин хабарҳои марбут ба Тоҷикистон тавассути ин сайт бо забони тоҷикӣ пешкаши муштариён мегардад.
XS
SM
MD
LG