Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду шаҳрванди Афғонистон бо сад кило маводи мухаддир боздошт шудааст


Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи шанбеи 23-юми июл аз боздошти ду шаҳрванди Афғонистон, ки марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур кардаанд, иттилоъ дод ва гуфт, аз онҳо ҳудуди сад кило маводи мухаддир кашфу мусодира гардид. Бобоҷони Шафеъ, масъули дафтари матбуотии ин оҷонсӣ гуфт, феълан, алайҳи ин афрод парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва шарикони эҳтимолии онҳо дар Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд. Шаҳрвандони афғон гуфтанд, онҳо бо мақсади ба даст овардани маводи ғизоӣ дар қаламрави Тоҷикистон даст ба қочоқи маводи мухаддир задаанд.
Ҳамзамон, рӯзи шанбе дар оташдони Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир беш аз 185 килограмм маводи мухаддир оташ зада шуд, ки наздики 150 килои онро маводи ҳероин ташкил медод. Бобоҷони Шафеъ гуфт, шурӯъ аз соли равон аз ҷониби кормандони оҷонсии мазкур дар маҷмӯъ 520 килограмм маводи мухаддир кашфу мусодира шудааст.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG