Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Забони замоне ҷаҳонӣ имрӯз чӣ ҳол дорад?


Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Тоҷикистон дар паёми шодбоши худ ба муносибати солгарди ҷашни забони форсии тоҷикӣ гуфтааст, ифтихори миллӣ ва ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забони модарӣ ва поку бегазанд нигоҳ доштани он сарчашма мегирад. 22 июли соли 1989 ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон барои нахустин бор қонуни забонро қабул кард ва ҳамасола ин рӯз ҳамчун рӯзи забон дар кишвар таҷлил мегардад. Дар паёми табрикии худ Эмомалӣ Раҳмонов дар ин маврид гуфтааст, забони тоҷикӣ бо шевотарин маъниҳо, ширинтарин таркиботу ибораҳо, истилоҳоти гуногуни илмӣ ва рангу таровати миллӣ дар таърихи тамаддуни тоҷикон мақоми муносиб дошт ва дорад.
«Забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳо аз соҳилҳои баҳри Миёназамин то баландкӯҳҳои Ҳиндукуш, аз Кафқоз то халиҷи Форс забони давлатӣ ва дипломатӣ будааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрикиаш ҳамчунин афзудааст, вазъи татбиқи забони давлатӣ дар забони васоити ахбори умум, бахусус барномаҳои радио ва телевизион ҳанӯз нигаронкунанда боқӣ мондааст. Дар ҳамин ҳол, Ғаффор Ҷӯраев, раиси комиссияи татбиқи забон ба радиои Озодӣ гуфт, тайи солҳои ахир дар роҳи татбиқи забони давлатӣ аз ҷониби ниҳодҳои масъул корҳои зиёде анҷом шудааст, аммо раванди татбиқи забон ба кундӣ пеш меравад. Вай мегӯяд, мутаасифона, ҳанӯз нишастҳову ҳамоишҳои байналмилалӣ бо ширкати намояндагони ниҳодҳои ҳукуматӣ ва кишварҳои хориҷӣ бо сабаби нарасидани тарҷумонҳои забони тоҷикӣ бо забони ғайридавлатӣ тарҷума ва доир мегарданд:
"Мутаассифона, мақому манзалати забони давлатии мо аз ҷониби намояндагони созмонҳои байналмилалӣ кам ба эътибор гирифта мешавад ва ҷаласаҳо ва нишастҳоро ба забони ғайридавлатӣ мегузаронанд. Бояд комиссияи татбиқи забон инро зери назар дошта бошад. Аммо, мушкили мо дар ин самт, нарасидани тарҷумонҳо мебошад."

Зоҳир Аҳрорӣ, адабиётшиноси тоҷик мегӯяд, ҳарчанд солҳои ахир аз ҷониби аҳли илму адаби кишвар вазъи татбиқи забони давлатӣ мавриди интиқод қарор гирифтааст, аммо ҳанӯз ҳам дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт, шиору навиштаҷот ва овезаҳои зиёдеро метавон дид, ки пуриштибоҳ мебошанд:
"Бо сабаби серпулӣ китобҳои нодаркор зиёд чоп мешавад, ки онҳо умри дароз надоранд ва ба дарди мардум намехӯранд. Бояд китобҳое, ки ифтихори миллии ҷавононро бедор кунад, забону фазилати онҳоро таҳким диҳад, бештар нашр карда шавад."

Мунаввара Ашӯрова, як сокини пойтахт дар сӯҳбат бо мо гуфт, се фарзандаш мактаби миёнаро хатм кардааст, аммо ба иллати нарасидани китобҳои муҳими омӯзиши забон ва адабиёти тоҷик ва муаллимони соҳибтаҷриба, забони модарии худро ба таври бояду шояд намедонанд.
"Онҳо шеър намедонанд, шоиронро намешиносанд ва вақте мепурсам, мегӯянд, китоб нест, муаллим нест. Хуб мешуд, агар ин камбудиҳо ҳал мешуданду фарзандони мо таълими беҳтар мегирифтанд."

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттиллои шаҳрдорӣ, як барномаи таҷлили забон иборат аз ҳамоиши забоншиносону алоқамандони адабиёт дар боғи марказии пойтахт анҷом дода шуд.

Ин хати сабзро клик кунед ва баҳси донишмандони тоҷик ва гузоришҳои таҳлилиро доир ба вазъи забони тоҷикӣ бишнавед.

Вобаста

XS
SM
MD
LG