Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бунёди нерӯгоҳи Роғун аз сентябр боз эҳё мешавад


Вазорати энергетикаи Тоҷикистон мегӯяд, шурӯъ аз сентябри соли равон корҳои муқаддамотии сохтмони нерӯгоҳи обӣ - барқии Роғун аз сар гирифта мешавад. Ба гуфтаи ин ниҳод, дар ҳоли ҳозир ширкати олмонии «Ламайер» бар асоси як шартномае машғул ба иҷрои лоиҳаи заминасозии фаннӣ ва арзёбии иқтисодӣ дар нерӯгоҳи мазкур мебошад ва интизор меравад, то 15 августи соли ҷорӣ гузориши аввали ин ширкат дар заминаи иҷрои лоиҳа пешниҳод гардад. Акрам Сулаймонов, муовини вазири энергетикаи Тоҷикистон дар ин робита ба радиои «Озодӣ» гуфт, баъд аз иҷрои ниҳоии лоиҳаи мазкур ҳаҷми маблағгузории навбати аввали сохтмони нерӯгоҳи Роғун мӯаяйн мегардад.
Ба эътиқоди Неъматулло Иноятов, муовини вазири энергетикаи Тоҷикистон иҷрои лоиҳаи заминасозии фанниву иқтисодии нерӯгоҳи барқии Роғун нақши муҳим дар шурӯъи амалии корҳои сохтмонӣ дар он дорад. Гуфтанист, дар соли 2004 ширкати хусусии «Русский алюминий» бо имзои як қарордод бо ҳукумати Тоҷикистон тааҳҳуд гирифт, ки барои марҳалаи аввали сохтмони нерӯгоҳи обӣ - барқии Роғун 560 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамояд. Мутобиқи созишномаи ба имзо расида интизор меравад, навбати аввали нерӯгоҳи обӣ - барқии Роғун то охири соли 2009 ба истифода дода шавад.
Холиқи Сангин, Душанбе.
XS
SM
MD
LG