Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷопон барои наҷоти Ҳамадонӣ аз обхезӣ 16 миллион доллар медиҳад


Маҳмадулло Ҳалимов, муовини аввали вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, вазъ дар ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷануби кишвар ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад. Вай афзуд, тайи чаҳор рӯзи оянда имкон дорад бар асари афзоиши гармо дар ин минтақа боз ҳам вазъ шадидтар шавад. Ба қавли муовини аввали вазири ҳолатҳои изтирорӣ, дар айни ҳол ҳудуди ҳафт ҳазор сокини ноҳияи Ҳамадонӣ бидуни манзил монда ва дар хаймаҳо иқомат доранд.
"Асосан муйсафедон, занҳо, кӯдакон ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, хона ва чизу чораи баъзеашон ҳастанд. Мардон меистанд, хонаашон дар даруни об ҳам бошад, ё манзилашон дар мавзеъи хатарнок қарор дорад, ҳар дақиқа мумкин об зер кунад, барои ҳамин ҳам як-ду аъзои оила меистанд, дигарашон ба хаймаҳо бурда ҷо карда шудаанд."
Ҳамзамон, Ҷумъабек Қурбонбеков, масъули бахши ҳолатҳои изтирории дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, бо дастгирии молии ҳукумати кишвари Ҷопон дар соли оянда ноҳияи Ҳамадонӣ аз мушкилоти марбута раҳоӣ хоҳад ёфт. Ба гуфтаи ҷаноби Қурбонбеков, Ҷопон тасмим гирифтааст, ҷиҳати мустаҳкам кардани соҳили рӯди Панҷ дар мавзеъҳои Ҳамадонӣ 16 миллион доллари амрикоӣ ихтисос диҳад.
Маҳмадулло Ҳалимов, муовини вазири ҳолатҳои изтирорӣ гуфт, бар асари офоти табиӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ як нафар ҳалок шудааст ва ҳаҷми хисороти воридшуда беш аз ҳашт миллиону дусад ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки дар маҷмӯъ дар нимсолаи аввали соли равон дар натиҷаи боришоту обхезӣ ба ин кишвар ба маблағи 52 миллион сомонӣ зарар ворид гардида 39 нафар кушта шудаанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG