Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон оид ба теннис аз Ҳонконг баргашт


Тими мунтахаби тенниси Тоҷикистон дар мусобиқаи минтақавии Ҷоми Дэвис дар Ҳонконг натоиҷи назаррас ба даст наовард. Бино ба иттилоъи Татяна Ҳамидова, котиби масъули Федератсияи тенниси Тоҷикистон, тими ин кишвар дар ҳайати Мансур ва Мирҳусейн Яҳёевҳо, Дилшод Шарифӣ ва Раҳматулло Раҷабалиев дар рақобатҳои гурӯҳи севвуми минтақаи Осиё ва Уқёнусия ширкат варзида ба дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Ҳонконг бо натиҷаи якхелаи сифр бар се, ба тимҳои Арабистони Саудӣ ва Қатар бо натиҷаи мушобеҳи як бар ду шикаст хӯрд ва танҳо бар тими Баҳрайн бо натиҷаи ду бар як ғолиб омад. Ба ин тартиб, тимҳои Қатар ва Тоҷикистон, ки дар ҷадвали гурӯҳи севвум дар зинаҳои охирин қарор гирифтанд, тибқи низомномаи мусобиқа ба гурӯҳи поин-чаҳорум гузаштанд.Тимҳои Малайзия ва Ҳонконг, ки мутаносибан ҷойҳои дуввуму севвумро ишғол намуданд, соли оянда дар гурӯҳи дуввум ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Хонум Ҳамидова дар бораи сабаби нобарории тими мунтахаби тенниси Тоҷикистон дар мусобиқаи минтақавии Ҷоми Дэвис гуфт:
"Дар рақобатҳо дастаи хеле ҷавони ин кишвар, ки синни аъзояш аз 16 то 18-сола буд, ширкат кард, вале ҳарифонашон теннисбозони пуртаҷрибаю моҳири 25-26-сола буданд. Ва ин камтаҷрибагӣ ба варзишгарони ҷавони тоҷик имкон надод, ки натоиҷи хуб ба даст оранд."
Масъули Федератсияи тенниси Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, теннисбозони навраси тоҷик дар айни ҳол ба нахустин мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти ҷоми президенти Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе бо ширкати варзишгарони синнашон то 12-сола аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон баргузор хоҳад шуд, омодагӣ мегиранд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG