Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавсиаи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин


Тоҷикистону Чин ба тарҳи чор созишномаи ҳамкорӣ имзо гузоштанд. Ин созишномаҳо баъд аз баррасии ҳайатҳои мутаххасисони ду тараф тавассути Ву Йи - муовини нахуствазири Шӯрои давлатӣ ва раҳбари ҳайъати давлатии Чин ва мақомоти аввали вазоратхонаҳои иқтисоду тиҷорат ва саноати Тоҷикистон ба имзо расиданд.
Ҳаким Солиев - вазири иқтисоди Тоҷикистон гуфт, дар доираи созишнома дар бораи омодасозии кадрҳои иқтисодӣ, созишнома дар бораи сохтмони туннели Шаршар ва ҳамчунин қарордод дар заминаи тавсиаи равобити иқтисодӣ Ҷумҳурии Мардумии Чин як кӯмаки билоивази наздик ба 19 миллион доллари амрикоӣ дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон қарор медиҳад.
Вазири иқтисоди Тоҷикистон афзуд, ҷиҳати ҷалби сармоягузорони чиноӣ ба Тоҷикистон ҳамчунин чанд тарҳи ҳамкорӣ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст, аз ҷумла тарҳи сохтмони шабакаи баландшиддати барқии Ҷанубу-Шимол, тарҳи сохтмони ҷодаи мошингарди Душанбе -Хуҷанд ва шоҳроҳи Душанбе -Нуробод Ҷиргатол.
Саид Зубайдов - вазири мухобироти Тоҷикистон гуфт, тибқи қарордоди ҳосила бо «Тоҷиктелеком» ҷониби Чин ҷиҳати бозсозии шабакаҳои мухобиротии Тоҷикистон ва ҳамчунин харидориву ворид сохтани таҷҳизоти пешрафтаи иртиботӣ ба ин кишвар дар шакли қарзи боимтиёз 15 миллион доллари амрикоӣ ҷудо менамояд. Яфанг Сун - раиси ширкати мухобиротии «Ҳуавей» ки дар ин замина тарафи муомила бо »Тоҷиктелеком» аст, изҳор дошт, ки дар маҷмӯъ барои иҷрои ин кор ҷониби Чин ихтисоси 68 миллион доллари амрикоиро дар назар гирифтааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG