Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Минбари Тиллоӣ" барои филмҳои мусулмонӣ


Дар пойтахти Тотористон шаҳри Қазон омодагиҳо ба ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусулмонон "Минбари Тиллоӣ" идома дорад, ки моҳи сентябр баргузор мешавад. Таври маълум "минбар" калимаи арабист ва ҷоеро ифода мекунад, ки аз он имомон вазъ мегӯянд. Номи "Минбари Тиллоӣ" низ рамзӣ аст ва баргузоркунандагони ҷашнвора умедворанд, ки ин «Минбар" ҷое хоҳад буд, ки аз он суханони хуб ва воқеӣ доир ба мусулмонон, фарҳанг ва дастовардҳои онҳо пахш хоҳад шуд.

Заудӣ Мамиргов - раҳбари кумитаи баргузории ҷашнвора мегӯяд, бояд коре кард, то тасвири манфии мусулмонон ва Ислом, ки дар филмҳо ва телевизионҳо фаровон мушоҳида мешавад, тағйир ёбад. Вай мегӯяд: "Ҳар чеченеро, ки шумо дар телевизион мебинед, ҷудоихоҳ аст ва дар даст Калашников ва миёнбанди муҳимоти ҷангӣ дорад. Ҳар афғон таҳсилнадида ва қочоқбари маводи мухаддир аст. Ҳар озарӣ дар бозор мевафурӯш аст."

Светлана Бухороева яке дигар аз масъулони фестивал низ чунин меандешад ва мегӯяд: "Дар воқеъ ин мушкил вуҷуд дорад, мусулмононро нодуруст ва ғайривоқеъӣ тасвир мекунанд ва ин вобаста ба амалҳои террористиву экстремистӣ аст. Муттаасифона, ин амалҳоро аксаран ба мусулмонон ва Ислом иртибот медиҳанд, ки дуруст нест. Ҳамзамон бо ин дигар чорабиниҳое нестанд, ки ин афкори нодурустро рад кунанд."

Идеяи тағйир додани тасвири мусулмонон таввасути филмҳо аз они Шайх Равил Ғайнуддин раҳбари Шӯрои муфтиёни Русия будааст ва ӯ дар ин самт ҳимояти Минтемир Шаймиев раиси ҷумҳури Тотористонро ба даст овардааст. Минтемир Шаймиев ризоият додааст, то чунин як фестивал баргузор гардад.

Шайх Ғайнуддин ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар ҷашнвораи филмҳои мусулмонӣ филмҳо бояд ба зиндагӣ, анъанаҳо, фарҳанг, характер ва табиати мусулмонон рӯшанӣ афкананд. Ҳадаф нишон додани муҳаббати мардуми мусулмон ба дигар миллатҳо ва фарҳангҳо ва нишон додани эҳтироми онҳост."

Меъёри қабули филмҳо дар ҷашнвора кадом аст. Светлана Бухороева мегӯяд, маҳдудияте дар ин самт вуҷуд надорад:

"Чун ҷашнвора бори аввал аст, ки баргузор мегардад, барои ҳамин мо дар қабули филмҳо маҳдудият ҷорӣ накардем. Аммо бархе аз меъёрҳои онро мегӯям, ин филмҳо бояд аз ҷониби мусулмонон таҳия шуда бошад, ё доир ба мусулмонон бошад, ё филмҳое, ки дар кишварҳои мусулмонӣ таҳия шуда бошанд. Шартҳои қабул маҳдуд нест, филмҳо бояд сулҳхоҳиро тарғиб кунанд, дӯстиро ва тафоҳуми динҳоро."

Яъне ҳеҷ гуна хушунат, ҳеҷ гуна маргталабон ва ҳеҷ гуна хунрезӣ дар он филмҳо набошад. Аммо филмҳо чашми худро ба дигар масоил нахоҳанд пӯшид. Ба гуфтаи баргузоркунандагони ҷашнвора, мушкилоте, ки ба зиндагии мусулмонон таъсир мегузоранд, ҳар навъ омехта бо танз, ҳаводиси таърихӣ ва ҳикояҳои атфол дар он филмҳо инъикос хоҳанд шуд.

То кунун барои ширкат дар ҷашнвора аз 20 кишвари дуру наздик аз ҷумла Тоҷикистон низ ба ҷашнвора филмҳо пешниҳод шудаанд. Озарбойҷон, Узбакистон, Бритониё, Эрон, Миср, Туркия, Канада, Литва, Лаҳистон аз ҷумлаи дигар кишварҳоянд, ки ҳунармандони онҳо филмҳои худро ба ҷашнвораи "Минбари Тиллоӣ" пешниҳод намудаанд.
Гуландом Муҳаббатова, сарвари "Киносервис"-и Тоҷикистон ба саҳифаи интернетии радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора филми "Овора" намояндагӣ мекунад. Бино ба иттилоъи бону Муҳаббатова, "Овора" ахиран дар як ҷашнвора дар Маскав ҷоизаи "Аннаи муқаддас"-ро гирифта буд.

Ба гуфтаи Бухороева, дар ин ҷашнвора ҳам мусулмонон метавонанд бубинанд, ки бародарони онҳо дар дигар кишварҳо зиндагӣ мекунанд, аз нигарониҳои онҳо бохабар шаванд ва ҳамчунин мардуми ғайримусулмон низ метавонанд, ҳамингуна аз зиндагии мусулмонони кишварҳои мухталиф огоҳӣ ёбанд. Сарвари доварони ҷашнвора коргардони шинохтаи Русия Рустам Иброҳимбеков аст. "Минбари Тиллоӣ" аз 5 то 11 сентябр идома мекунад.
XS
SM
MD
LG