Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА


Дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба шоҳмот, ки дар шаҳри Душанбе оғоз шуд, ҳудуди навад шатранҷбоз аз манотиқи мухталифи ин кишвар ширкат доранд. Ёқуб Раҳимов, муовини аввали раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа, ки то 29 июл идома хоҳад кард, қаҳрамонони шоҳмоти ин кишвар миёни мардон ва занон дар соли 2005-ум муайян мешаванд. Шатранҷбозони маъруфи тоҷик Сӯҳроб Ҳамдамов, Ҷамшед Исоев, варзишгарони ҷавон Муҳаммадхӯҷа Ҳусейнхоҷаев ва Икром Илҳомзода, ки дар аввалин рақобатҳо бар ҳарифони худ пирӯзӣ ба даст оварданд, муддаиёни аслӣ барои дарёфти унвони қаҳрамони шоҳмоти Тоҷикистон миёни мардон мебошанд. Ба назари Ёқуб Раҳимов, мубориза барои ба даст овардани медалҳои мусобиқа дар рақобатҳои занони шоҳмотбоз байни Елена Нуриддинова, Саодат Одинаева, Шаҳноза Умарова ва Надежда Антонова шиддат хоҳад гирифт.
ФУТБОЛ. ФИФА рейтинги нави эътибори тимҳои миллии футболро нашр карда, тими миллии Бразилияро бо 846 имтиёз дар ҷойи аввал гузоштааст. Мунтахаби Аргентина бо 787 имтиёз мақоми дуввум ва тими Ҳолланд бо 781 имтиёз мақоми севвумро ишғол мекунанд. Миёни тимҳои миллии қораи Осиё мунтахаби Ҷопон натиҷаи беҳтарин - 715 имтиёз ба даст овардааст. Ин даста мавқеи худро дар рейтинги ФИФА нисбати натоиҷи моҳи июн хеле беҳтар намуда панҷ зина боло, ба ҷойи 13-ум баромад. Тими миллии Эрон низ бо 711 имтиёз ду қадам ба пеш гузошт ва дар зинаи 15-ум қарор гирифтааст. Вале тими миллии Тоҷикистон бо 329 имтиёз як зина поин фуромад ва миёни 204 дастаи мунтахаби кишварҳои ҷаҳон мақоми 139-умро ишғол мекунад. Тими миллии Узбакистон бо 581 имтиёз як зина боло баромад ва дар ҷойи 53-юм қарор дорад. Мавқеъи тимҳои миллии Туркманистон ва Қирғизистон тағйир наёфтааст. Мунтахаби Туркманистон бо 446 имтиёз мақоми 105-ум ва тими Қирғизистон бо 274 имтиёз мақоми 152-юмро ишғол менамоянд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG