Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Лондон мурофиаи додгоҳии Эрматов ва Назаров шурӯъ шудааст


Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи чоршанбе дар як нишасти матбуотӣ гуфт, дар шаҳри Лондон мурофиаи додгоҳии Абдуқодир Эрматов, раиси собиқи корхонаи алюминиуми Тоҷикистон, ҷаноби Кӯчаров, сармуҳосиби ин корхона ва Аваз Назаров, раиси ширкати «Ансол» шурӯъ шудааст. Вай афзуд, аллакай барои дифоъ аз ҳуқуқашон онҳо бо вакилони мудофеъ таъмин шудаанд. Ба қавли додситони кулл, Абдуқодир Эрматов, раиси собиқи корхонаи алюминиум бо имзои як шартнома бо ширкати хориҷии «Хаммер» 126 миллион доллари амрикоиро, ки барои хариди ашёи хом ба муассиса нигаронида шуда буд, аз худ кардааст ва бо ин маблағ дар Лондон барои худу фарзандонаш якчанд манзил харидорӣ намудааст.
"Аз ин маблағ ба корхонаи арзиз ягон килограмм гилхок ворид нашудааст. Гузашта аз ин, Эрматов бар иваз алюминиуми тайёрро ба ин ширкат пешниҳод месозад ва ҳамин тариқ ба корхонаи алюминиум ва ҷумҳурии Тоҷикистон зарари ҷиддии молӣ мерасонад. Онҳо мехостанд корхонаи алюминиумро қарздор ва муфлис карда, ба ин восита ин корхонаро хусусӣ гардонанд. Ғарази онҳо ҳамин буд."
Дар ҳамин ҳол, Матлубхон Давлатов, раиси кумитаи давлатии назорати молиявии Тоҷикистон мегӯяд, ширкати «Ансол» тасмим дорад, 145 миллион доллари амрикоӣ камомади корхонаи алюминиуми кишварро ҷуброн намояд ва ҳамкорӣ бо ин муассисаро идома диҳад.
Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон афзуд, ҳам Эрматов ва ҳам Назаров худро муҷрим намехонанд, балки боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи худро аз ҷониби додситонии кулли кишвар таъқиби сиёсӣ меҳисобанд. Аммо ҷаноби Бобохонов гуфт, ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ дар нисбати раҳбарияти корхонаи алюминиум ягон ҳадафи сиёсӣ надорад ва танҳо бо далели камомади корхона ин се парванда боз шудааст. Додситони кулли кишвар мегӯяд, дар ҳоли собит шудани гуноҳҳои ин афрод, додситонии кулли Тоҷикистон истирдоди онҳоро ба кишвар аз мақомоти Бритониё тақозо хоҳад кард.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG