Пайвандҳои дастрасӣ

Коҳиши қарзҳои хориҷии Тоҷикистон нисбат ба 5 соли пеш


Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов рӯзи чоршанбе гуфтааст, қарзи хориҷии ин кишвар ба 905 миллион доллар расидааст, ки 40 дар сади маҷмӯи тавлидоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Лариса Сариева - раҳбари департаменти қарзҳои хориҷии вазорати молияи Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба www.ozodi.org гуфт, қарзи хориҷии ин кишвар дар муқоиса ба соли 2000-ум 70 фисад коҳиш ёфтааст:

"Соли 2000-ум қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз як миллиард долларро ташкил медод ва нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 110 фоиз буд. Ҳоло ҳаҷми қарзи берунии кишвар нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ танҳо 40 дар садро ташкил медиҳад."

Ба гуфтаи Лариса Сариева, аз ҳисоби 905 миллион доллар беш аз 710 миллион доллари он қарзҳои мустақими давлати Тоҷикистон аст. Ин вомҳоро ҳукумати Тоҷикистон асосан аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ ба мисли Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд ва Комиссиюни Аврупо ва Бунёди Опек гирифтааст.

Қарзҳои боқӣ мутаалиқи Бонки Миллӣ ва дигар муассисаҳои Тоҷикистон будаанд, ки бо кафолати давлат ба он муассисаҳо дода шудааст. Лариса Сайриева ҳамчунин ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон қарзҳое, ки замони муқарраршудаи пардохташ гузашта бошад, надорад ва фоизи қарзҳои гирифтаашро саривақт мепардозад.

Намояндаи вазорати молияи Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, кишвараш саъй мекунад, то ҳаҷми қарзҳои хориҷӣ бештар марзи 40 дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро убур накунад. Ӯ афзуд, тибқи барномаи ҷалби сармояҳои хориҷӣ Тоҷикистон тасмим гирифтааст, аз созмонҳои байналмилалии молиявӣ қарзҳои нави дарозмуддат бигирад:

"Мо ҳоло барномаи ҷалби вомҳои хориҷиро дорем, ки аз ҷониби давлат ва порлумон тасдиқ мешавад. Мо барномаи ҷалби қарзҳоро таҳия кардаем, ки ин қарзҳо барои татбиқи барномаҳои соҳаи маориф, энержӣ, бахши иҷтимоӣ ва нақлиёт равона мешавад."

Тайи солҳои гузашта бинобар қарзҳои зиёди хориҷӣ, Сандуқи Байналмилалии Пул иҷоза намедод, то Тоҷикистон барои иҷрои барномаҳои иқтисодии хеш қарзҳои зиёд бигирад. Ин созмон мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон мувофиқат кардаанд, ки харҷи қарзҳои хориҷиро боэҳтиёт назорат кунанд ва самаранокии истифодаи онҳоро тазмин диҳанд. Матбуоти Тоҷикистон пайваста мақомоти давлатиро муттаҳам мекунад, ки қарзҳои хориҷиро дуруст истифода намебаранд ва ин қарзҳо ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мусоидат намекунанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG