Пайвандҳои дастрасӣ

Фурудгоҳи Душанбе монеъи вуруди сармоягузорони хориҷӣ?


Дар чаҳорчӯби барномаи давлатии Тоҷикистон доир ба энергетика қарор аст, то соли 2015 дар рӯдхонаи Панҷ 14 нерӯгоҳи обӣ - барқӣ бунёд гардад. «Азия Плюс» аз қавли Ҷӯрабек Нурмаҳмадов, вазири энергетикаи Тоҷикистон навиштааст, интизор меравад, ҳамасола дар ин нерӯгоҳҳо ба таври умум 83 миллиард соат қувваи барқ тавлид гардад. Ба навиштаи ҳафтанома, ҳамчунин қарор аст, дар канори рӯдхонаи Сурхоб - панҷ нерӯгоҳ, рӯдхонаи Кофарниҳон ҳафт нерӯгоҳ ва дар имтидоди рӯдхонаи Зарафшон 13 нерӯгоҳи хурди обӣ - барқӣ эҳдос гардад.

Бино ба иттилои «Зиндагӣ», ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи авоқиби офати табиӣ дар ноҳияи Панҷакент як миллион сомонӣ ҷудо кардаааст. Ин дар ҳолест, менависад ин нашрия, бар асоси маълумоти пешакии ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи кишвар мизони хисороти офатҳои табии як моҳи охир дар ноҳияи Панҷакент беш аз ҳаштумин миллион доллари амрикоӣ баровард шудааст.

Дар ҳамин ҳол, «Тоҷикистон» ба нақл аз Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон хабар додааст, барои рафъи оқибатҳои табиӣ, ки дар ду моҳи охир дар навоҳии мухталиф рух додаанд,Тоҷикистон ба беш аз 20 миллион доллари амрикоӣ ниёз дорад. Ба иттилои нашрияи мазкур, Тоҷикистон дар ин замина хостори дарёфти кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ шудааст.

«Бизнес и Политика» бо интиқод аз сатҳи пасти хидматрасонии фурудгоҳи шаҳри Душанбе нигоштааст, бо вуҷуди таъкидҳои раиси ҷумҳур Раҳмонов ва интишори мақолоти интиқодомез дар ин робита вазъ ҳамоно тағйир нахӯрдааст. Нашрия бо ишора ба навоқиси зиёд дар кори хадамоти фурудгоҳ натиҷагирӣ намудааст, ки бо ин ҳама бархӯрд ва сатҳи пасти хидматрасонӣ ба гумон аст, ки сармоягузорони хориҷӣ вориди Тоҷикистон гарданд.
XS
SM
MD
LG