Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзҳои хориҷии Тоҷикистон 905 миллион долларро ташкил медиҳад


Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов рӯзи чоршанбе, 20 июл гуфт, қарзи хориҷии ин кишвар то ба 905 миллион доллар расидааст, ки 40 дар сади маҷмӯи маҳсулоти холиси Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Сафаралӣ Наҷмуддинов, ки дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе сӯҳбат мекард, ҳамчунин гуфт, қарзи берунии Тоҷикистон дар муқоиса бо вомҳои берунии кишвар дар соли 2000-ум, ки 1 миллиарду 300 миллион долларро ташкил медод, 70 фисад камтар шудааст.
Ба гуфтаи вазири тоҷик, аз маҷмӯи 905 миллион доллари қарзи хориҷӣ 710 миллион доллари он қарзҳои мустақими давлати Тоҷикистон ва 127 миллион доллари он вомҳои Бонки Миллӣ аст. Тоҷикистон асосан аз Бонки Ҷаҳонӣ қарзи зиёд, яъне 308 миллион доллар қарздор будааст, вомҳои аз Бонки Осиёи Рушд гирифтаи кишвар 97 миллион доллар ташкил медиҳад. Тоҷикистон мутаносибан аз Бонки Исломии Рушд 40 миллион, аз Комиссиюни Аврупо 46 миллион ва аз Фонди ОПЕК 11 миллион доллар қарздор будааст.
XS
SM
MD
LG