Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои ҳукумати Душанбе ва як ширкати сохтмонии Туркия


Додгоҳи Олии Иқтисодии Тоҷикистон алайҳи як ширкати сохтмонии туркӣ мавсум ба «Емекиншаат ЛТД», ки дар шаҳри Душанбе машғул ба фаъолият буд, парвандаи иқтисодӣ боз намудааст. Муродбегим Ширинҷонова - муовини раиси ин додгоҳ гуфт, парванда бар асоси шикояти раёсати сохтмони ҳукумати шаҳри Душанбе ва дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, ки тарафи муомила бо ширкати туркӣ будаанд, таҳия шудааст.

Хонум Ширинҷонова гуфт, бар асоси қарордод ширкати мазкур ӯҳдадор буд, дар шаҳри Душанбе сохтмони аквапаркро пурра ба анҷом расонад. Барои ин ширкат аз ҷониби шаҳрдории Душанбе мувофиқи шартнома 2 миллиону 900 ҳазор доллари амрикоӣ дарёфт намуда буд, аммо бо ин баҳона, ки маблағи мазкур басанда нест, аз идомаи сохтмони аквапарк даст кашид.

Муовини раиси додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон гуфт, мувофиқи шартномаи давлатии мавҷуд миёни Туркияву Тоҷикистон ҷониби Туркия муваззаф аст, иҷрои ҳалномаи содир намудаи додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистонро таъмин намояд. Ба таври дигар ҷониби Туркия бояд маблағи зарари ворида ба шаҳрдории Душанберо, ки беш аз 5 миллион доллари амрикоӣ тахмин зада мешавад, баргардонад.

Аммо ба гуфтаи мақомоти тоҷик бо вуҷуди муроҷиатҳои мукаррари додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон то ҳанӯз ҷониби Туркия дар мавриди пардохти ин маблағ посухе надодааст. Муродбегим Ширинҷонова - муовини раиси додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамчунин таъкид намуд, ки дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон низ бо ирсоли аризаи шикоятӣ муддаии дарёфти маблағи зиён аз сӯи ширкати туркӣ шудааст. Ба гуфтаи хонум Ширинова, ихтилоф миёни ин ширкат ва дастгоҳи раиси ҷумҳур ба ин далел сар задааст, ки ҷониби Туркия бар хилофи тавофуқ аз бунёди як варзишгоҳ даст кашидааст.

Ва аммо дар ҳамин ҳол масъулини сафорати Туркия дар Тоҷикистон мегӯянд, бар асоси маълумоти онҳо то кунун мақомоти туркӣ муроҷиати расмии додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистонро дарёфт накардаанд ва ба ин далел аз шарҳи ҷузъиёт дар ин бора худдорӣ намуданд.
XS
SM
MD
LG