Пайвандҳои дастрасӣ

Ян Кубиш - фиристодаи нави Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ


Ян Кубиш - фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи сешанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, дар нахустин фурсат ба давлатҳои ин минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон сафар хоҳад кард.
Шоми душанбе, вазирони хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо номзадии Ян Кубиш, дипломати словак ва собиқ дабири кулли Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупоро дар симмати фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ намуданд.
Дар робита ба барномаҳои наздиктарини худ дар Осиёи Марказӣ Ян Кубиш ба Радиои Озодӣ гуфт: "Табиист, вақте ман дар бораи мандати густардаи худ ҳарф мезанам, ки ҳадафаш дар ҳақиқат рушди ҳамкориҳо ва баррасии ҳамкориҳои беҳтар ва самараноки Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои минтақа мебошад, ман ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳоро дар назар дорам. Ва албатта ин ба Тоҷикистон ҳам дахл дорад. Ман шахсан ниҳоят шодам, ки имкон пайдо кардам ба зудӣ барои баррасии ин масоил ба он ҷо равам."
Таъйиноти оқои Кубиш ба симмати фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо нашри баёнияи нави ин иттиҳод сурат гирифт, ки аз амалкарди мақомоти Узбакистон дар пахши ошӯбҳои Андиҷон дар моҳи майро танқид кардааст. Иттиҳоди Аврупо аз вазъи феълии Узбакистон изҳори нигаронӣ карда ва мақомоти ин кишварро барои роҳ надодани ба таҳқиқоти мустақили он ҳодисаҳои хунбор интиқод кардааст.
Ян Кубиш дар робита ба ин мегӯяд:
"Чун вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо дар баёнияи худ оид ба Узбакистон аз ман хостанд, ки ҳарчӣ зудтар он ҷо сафар кунам, ман табиист, ки ба ин сафар омодагӣ мегирам. Даставвал, ман бо он баёнияву изҳороти вазирони хориҷа мусаллаҳ ҳастам, ки моҳҳои май ва июн қабул шуда буданд ва ман ин мавқеъро ба мақомоти Узбакистон мерасонам. Барои ман аз ҳама муҳим он аст, ки бо роҳбарияти Узбакистон ин масоилро матраҳ кунам ва аммо боз мехоҳам бигӯям, ки ин ҳама дар чаҳорчӯби равобити миёни Иттиҳоди Аврупо ва Узбакистон сурат мегирад. Мандати ман хеле густардатар аст ва ҳадафи он таҳкими ҳамкориҳост. Ман мехоҳам, ҳама масоили марбут ба ҳамкориҳоро бо кишварҳои ҷудогонаи минтақа баррасӣ кунам ва агар имкон пайдо кунам дар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ саҳм бигирам."
Ян Кубиш, намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ афзуд, агарчӣ таърихи дақиқи сафари у ба минтақа ҳанӯз мушаххас нест, аммо шояд он то моҳи сентябри соли ҷорӣ сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG