Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Лаъл лаъл меҷӯянд


Дар кони кӯҳи Лаъли Ишкошим пас аз бекористии иҷбории 75 рӯза кӯҳканон ба истихроҷи маодин шурӯь карданд. Муовини раҳбари гурӯҳи кӯҳканон Аёмбек Аноятов гуфт, истихроҷи маъдан дар кони Кӯҳи Лаъл ҳамасола ба таври мавсимӣ аз моҳи май то октябр сурат мегирифт ва таъхири имсола ба набуди нерӯи барқ дар минтақа вобаста будааст. Вай гуфт, тибқи нақша онҳо бояд дар мавсими имсола 10-15 ҳазор қирот маъдани лаълдорро истихроҷ кунанд. 10-15 ҳазор қирот яъне 2-3 килограмм лаъл.

Истихроҷи маодинро дар кони Кӯҳи Лаъл як корхонаи масъулияташ маҳдуди мавсум ба "Ҷаммаст" дар даст дорад. Сифат ва арзиши ин ашёро мутахассисони вазорати молияи ҷумҳурӣ мӯайян мекунанд. Аммо оё кӯҳканон имкони ба даст овардани чунин миқдори ашёи лаълдорро аз ин кон доранд? Аёмбек Аноятов изҳор дошт, ки амали кӯҳканон дар ҷустуҷӯи лаъл дар ҳоле, ки техникаи ҳозиразамонро дар ихтиёр надоранд, бештар ба моҳигире шабоҳат дорад, ки ба барори кор умед мебандад.

Аммо муовини раҳбари гурӯҳи кӯҳканон гуфт, агарчанде бештари нақбҳои аз солҳои қаблӣ боқимонда дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, вале кӯҳканон тасмим гирифтанд, бо риояи техникаи бехатарӣ ва эҳтиёткорӣ корро барои берун кашидани ҷинсҳои кӯҳӣ аз кон ба хотири дарёфти лаъл идома диҳанд. Соле пеш бар асари фурӯ резии як нақб як кӯҳкан ҷонашро аз даст дода буд.

Тибқи нархномае, ки аз ҷониби вазорати молия, вазорати саноат ва оҷонсии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии
соҳибкорӣ ба тасвиб расидааст, як қирот лаъл вобаста аз сифати он дар бозори дохили кишвар аз бист то панҷоҳ доллари амрикоӣ арзиш дорад. Дар бозори ҷаҳонӣ қиммати лаъл ба маротиб зиёдтар аст.
XS
SM
MD
LG