Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зӯрхона чист?


Мӯҳсин Меҳрализода, муовини президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва раиси федератсияи байналмилалии варзишҳои бостонии «Зурхона » дар сӯҳбат ба барномаи «Ояндасоз» гуфт, барои таъсиси чунин як кохи варзишӣ ҷониби Эрон ҳудуди 400 000 доллар сарф кардааст. Ӯ гуфт, «Зӯрхона ин ёдоварӣ аз таъриху фарҳанги ин кишвар аст. Ҷавононро бо ҳуввияти миллиашон бештар ошно мекунад ва онҳо на танҳо аз назари ҷисмӣ, балки аз назари фикрӣ ҳам рушд хоҳанд кард, ки ба умедвории ҷавонон аз оянда таъсир хоҳад кард.»

Дар зӯрхона зери навойи мусиқӣ ва истифода аз асбобҳои қадимаи варзишӣ машқҳои вижае иҷро мешавад, ки аз се бахш иборат аст. Нахуст, варзишгар ба тахтачаи вижа дастонашро мустаҳкам мекунад ва дар фарш ба ҳар тараф тоб мехӯрад ва ҷисмашро болою пойин мекунад. Баъдан, гурзҳои чӯбини гуногунвазнро ба гирди сар чарх мегардонад ва бо ҳамин ба китфу бозувонашон таъсир мерасонад. Ҳамчунин, камонҳои оҳанини ҳалқачаҳои хурд доштаро ба болои сарашон мебардоранд ва бо ҳисоби таблнавоз ва ё сароянда онро ба ҳар тараф такон медиҳанд, ки ба садои табл ҳамнаво мешавад. Қисмати ниҳоии машқи зурхона ин пой задан ва бо суръати баланд чархидан будаст.

Ман бо ҷавонони тоҷик мусоҳиб мешавам, ки 1 моҳ аст, дар зӯрхона тамрин мекунанд. Онҳо мегӯянд, машқҳои мазкур дар муддати кӯтоҳ метавонанд бадани касро зебо ва солим гардонанд:

"-Ин ба монанди гимнастикаи тоҷикон аст. Вале ин аз мо ҷавонмардию боқувватиро талаб мекунад.
-Бисёр чизҳои гуногун доранд, ки шахсро пурқувват мекунад.
- Ин намуди варзиш барои мо нав аст ва мо бисёр ҳаракатҳояшро наметавонем.
-Пойзанӣ ба он кӯмак мекунад, ки дар баробари миёну китфу бозу, пойҳо ҳам мустаҳкам шаванд."


Дар зӯрхона ё «Сарои ҷавонмардон» таваҷҷӯҳи вижа ба таълиму тарбия ва ташвиқи ҷавонмардию фурӯтанӣ ва кӯмак ба бечорагону ниёзмандон равона мешудааст. Бинои зурхона, ки аз як зали барҳавои варзишӣ иборат аст, ба тарзи қадимаи шарқиёна сохта шуда дар деворҳояш панду андарзҳои ниёкон овехта шудаанд. Сарои ҷавонмардон ба нишони хоксорӣ дарвозаи паст дорад, ки шахси ба он ворид мешуда қоматашро каме хам мекунад. Алии Кӯҳанзод, варзишгари эронӣ мегӯяд:

"Агар мо дар ҳафтае ҳафт рӯз ба бошишгоҳ равем, аввалаш ба бачаҳо машқи мардиву ҷавонмардиро мекунанд баъд варзиш меомузонанд. Ҳар нафаре, ки дар Эрон ба зурхона меравад онҳоро мардум аз рӯйи хислату тарбияашон мешиносанд на аз рӯйи паҳлавониашон.

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ!"


Мураббии варзиши зӯрхонаи Эрон, Меҳдии Қамарӣ мегӯяд, танҳо садои табл ва занг метавонад вуҷуди варзишгарро ба шӯр биёрад. Ба гуфти оҳангсоз Ҳусейни Парниё дар оғоз ва интиҳои машқ мусиқии оромкунандаи монанд ба валс низ навохта мешудааст.Ҳусейни Парниё:

"Хусусан, дастгоҳҳои мусиқие, ки дар зӯрхона истифода мешавад. Дастгоҳи ҳумоюн ҳаст, шӯр ҳаст, чоргоҳу сегоҳ ҳастанд."

Дар баробари таъсиси «Зӯрхона» миёни федератсияи байналмилалии варзишҳои бостонии «Зӯрхонаи» Эрон ва Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикитсон созишномаи тафоҳум ба имзо расид, ки дар доираи он ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни варзиш ҳамкорӣ хоҳанд кард. Мӯҳсини Меҳрализода, муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва раиси федератсияи байналмилалии варзишҳои бостонии «Зӯрхона » мегӯяд:

"Мувофиқи созишномаи ба имзо расида табодули таҷрибаи мураббиҳо ва паҳлавонон сурат мегирад. Баъзе соҳаҳое ҳастанд, ки Тоҷикитсон пешрафт дорад. Ба монанди қаиқронӣ, камонзанӣ ва вазнпартоӣ. Хеле хуб мешавад агар мо аз донишҳоямон дар соҳаҳои гуногуни варзиш истифода кунем."

Дар назар аст, дар рӯзҳои наздик дар шаҳрҳои дигари Тоҷикистон низ зӯрхона таъсис шавад.
XS
SM
MD
LG