Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои СММ барои рафъи авоқиби обхезиҳо дар Тоҷикистон


Идораи Созмони Милали Муттаҳид дар умури кӯмакҳои изтирорӣ имрӯз барои имдод ба Тоҷикистон, ки гирифтори обхезиҳои харобиовар шудааст, тақозои ғизо, доруворӣ ва дигар маводи зарурии аввалия кардааст.
Дар баёнияи расмии СММ, ки дирӯз нашр шудааст, омадааст, намояндагии Идораи ҳамоҳангсози умури башарии СММ дар Душанбе феълан ба сӯзишворӣ, доруворӣ, хаймаҳо, ҷойхоб ва дигар маводи лозимӣ ниёз дорад, чун ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи авоқиби обхезиҳо аз ҷомеаи байналмилал тақозои имдод кардааст.

Барномаи арзёбии хатарҳои офатҳои табии Тоҷикистон, ки мутаалиқи Созмони Милал аст, гуфт, гармшавии босуръати ҳарорати ҳаво дар ду моҳи гузашта сабаби болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳои бузург ва обхезиҳо дар Тоҷикистон гашта, ба зербунёдҳо ва манзилҳои одамон осеби зиёд расонидааст. Ол Рамсинг намояндаи ин идора ба www.ozodi.org гуфт, боло рафтани ҳарорат дар моҳҳои июн ва июл сабаби босуръат об шудани барф дар кӯҳҳои Тоҷикистон ва ҳамчунин боло рафтани оби рӯдхонаи хурду бузург шудааст.

Ба гуфтаи Ол Рамсинг - намояндаи ин идора, то кунун 12 ҳазор нафар аз ин обхезиҳо осеб дидаанд ва 10 ҳазори онҳо асосан дар навоҳии Панҷакент ва Ҳамадонӣ ба мавзеъҳои бехатар кӯч дода шудаанд. Агарчӣ афроди ба ҷойи бехатар кӯч дода шуда, бо хаймаву дигар лавозимот таъмин шудаанд, аммо ба гуфтаи Ол Рамсинг, ҳанӯз ҳам ба доруворӣ, ғизо, оби поки ошомиданӣ, ҷойхоб ниёз доранд.

Ол Рамсинг ҳамчунин гуфт, ба эҳтимоли қавӣ оби рӯдхона дар ноҳияи Ҳамадонӣ то рӯзи чоршанбе поён нахоҳад рафт ва эҳтимоли такрори обхезӣ низ вуҷуд дорад. Ба гуфтаи ӯ, агар вазъ чунин идома кунад, як шабакаи тақсими об ва канали обёрии ноҳияи мазкур осеб хоҳанд дид. Дар сурати вуқӯи ин ҳодиса ба гуфтаи Ол Рамсинг ҳазорон нафар сокинони деҳоти поёноби ноҳияи Ҳамадонӣ гирифтори мушкилот хоҳанд шуд.

Намояндаи СММ изофа кард, вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ба хотири роҳ надодан ба идомаи харобкориҳои табиат, 160 адад мошину техникаро ба мустаҳкамкунии соҳилҳо ва бастани пеши роҳи об сафарбар кардааст, аммо бисёре аз ин мошинҳо кӯҳна ҳастанд ва зуд мешикананд ва ё кор намекунанд. Ба ҳамин хотир Идораи СММ дар умури кӯмакҳои изтирорӣ ҳамчунин аз донорҳо хостааст, барои мошинҳо ҳам қисмҳои эҳтиётӣ ва сӯзишворӣ кӯмак намоянд. Ол Рамсинг гуфт, зарур аст, ҳарчӣ зудтар иқдом ва аз идомаи обхезиву хароб шудани зербунёду манзилҳои мардум пешгирӣ шавад.

Зиёни расонидаи обхезиву боронҳои шадид дар маҷмӯъ аз 10 миллион доллар гузаштааст. Обхезиҳо то кунун ба ноҳияҳои Панҷакенту, Фархор, Ҳамадонӣ, Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа, Ванҷ, Шуғнон, Нуробод ва Тавилдара хисорот ворид кардаанд.
Харитаи манотиқи осебдидаи Тоҷикистон
XS
SM
MD
LG