Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дусад кӯҳнавард аз 15 кишвари ҷаҳон барои фатҳи Помир омадаанд


Дастаҳои кӯҳнавардони Амрико, Англия, Русия, Украина, Қазоқистон ва Узбакистон барои ширкат дар экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ ба Тоҷикистон омаданд. Раъно Собирова, раҳбари ширкати байналмилалии кӯҳнавардии «Алп-Машков» гуфт, дар экспедитсияи имсола, ки рӯзҳои аввали моҳи август оғоз мешавад, ширкати ҳудуди 200 варзишгар аз 15 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Хонум Собирова мегӯяд, кӯҳнавардон қуллаҳои баландтарини Помир - қуллаи Евгения Корженевская ва қуллаи Исмоили Сомониро, ки баландиашон мутаносибан 7105 ва 7495 метр мебошад, фатҳ хоҳанд кард. Онҳо тавассути чархбол аз Душанбе ба урдугоҳи аслӣ - майдони яхистони Москвина парвоз мекунанд ва баъди мутобиқ шудан ба шароити обу ҳавои Помир дар талоши фатҳи қуллаҳо хоҳанд шуд.

Дар ҳоле ки дастаҳои футболи лигаи олии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон таътил доранд, дар шаҳри Душанбе курсҳои байналмилалии омӯзишии мураббиён бо ибтикори AFC ва ё Конфедератсияи футболи Осиё баргузор шудааст. Машғулиятҳо таҳти раҳбарии намояндаи АFC Рустам Акрамов бо ширкати беш аз бист мураббии тимҳои футболи устодон ва мунтахаби Тоҷикистон сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ҷаноби Акрамов, ширкаткунандагони ин курсҳо баъди анҷоми машғулиятҳо имтиҳон месупоранд ва соҳиби шаҳодатномаи мураббии дорои литсензия ва ё муҷаввизи «А» мешаванд. Вай таъкид сохт, аз соли 2006-ум барои сармураббии тими футболи лигаи олӣ доштани чунин шаҳодатнома ҳатмист.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG