Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теннисбози навраси тоҷик ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Австрия гашт


Теннисбози ёздаҳсолаи тоҷик Аҳмадҷони Муҳаммад дар мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон дар шаҳри Залсбурги Австрия, ки рӯзи ҳабдаҳуми июл анҷом ёфт, дар бозии ниҳоӣ ҳарифи австриягии худро шикаст дода, ҷоми ин мусобиқаро соҳиб шуд. Мусобиқаи кушоди теннис миёни наврасони Аврупо ҳар сол баргузор мегардад ва ин аввалин муваффақияти варзишгарони навраси тоҷик дар ин мусобиқот будааст. Ҳаррӣ Вестрейхер, масъули баргузории мусобиқот доир ба ширкати теннисбозони навраси Тоҷикистон дар рақобатҳо ба саҳифаи интернетии радиои Озодӣ гуфт, бозингари дигари тоҷик, Фарҳод Саидов дар рақобатҳои пешакӣ барои вуруд ба марҳилаи асосии бозиҳо ширкат кард ва ба даври навбатии бозиҳо роҳхат гирифт. Ҳаррӣ Вестрейхер гуфт, акнун Фарҳод Саидов ва Аҳмадҷони Муҳаммад ин ҳафта дар марҳилаи нави бозиҳо дар шаҳри Линз ширкат мекунанд.
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG