Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин табори кулолӣ дар Хуҷанд


Барои истеҳсоли сафол дар нахуст осиёб зарур аст. Ва аммо ин осиёб аз осиёбҳои маъмулии ба мову хонанда ошно тафриқаи ҷиддӣ дорад. Зеро ин осиёб на гандум мекӯбаду на шолӣ. Ин осиёб санг орд мекунад! Ҳоҷӣ Абдулҳай Болтубоев, сокини 70 солаи Хуҷанди Бостонӣ ва ягона кулолии хонаводагӣ, ки ин ҳунарро садсолаҳо табори ӯ то ба имрӯз овардааст, мегӯяд, «осиёб бо саққоҳои сангин, ки дорад, гили махсусеро, ки танҳо дар Хуҷанд ба чашм мехӯрад, орд мекунад».

Абдулло Ҷалолов, ёвари усто мегӯяд, "ду осиёби саққоии Ҳоҷӣ Абдулҳай ҳар яке дар рӯзе то 500 кило гили сахтро орд мекунанд. Сипас, ин гилро нам мекунанд ва таҳти як тонна вазн фишор меоранд. Хишти омодашударо ҳамчун сафол қолаб мебуранд. Сипас ин сафолро ба танӯр гузошта, зери ҳарорати 1000 дараҷа гармӣ мепазанд.»

Ҳоҷӣ Абдулҳай мегӯяд, сафолакҳо хеле пурбардоштанд ва тақрибан намешикананд ва агар кафолати хишту сафолҳои завод 3- 4 сол аст, пас мусоҳиби ман замонат медиҳад, ки маҳсулоти дасти ӯ то ду садсола бегазанд мемонад.

Ҳоҷӣ Абдулҳай беш аз 55 сол аст, ки манораҳои масоҷид, мазороти машоиху бузургони сухан, девору коху қасрҳоро дар Хуҷанд кошикорӣ мекунад. Дар гунбади Мазори Шайх Муслиҳиддин ва масҷиди ҳамном, Бозори Фаровон, Даровзаи Хуҷанд, мазори қалъача, Пули Амон, дарвозаи Нури Ислом метавон нақши дастони охирон намояндаи хонаводаи кулолиро дид. Ин хонаводаро дар ду асри гузашта кулолгарони маъруф дар аморати Бухорои Шариф Абудрасули Кулолӣ ва Абдухалили кулолӣ муаррифӣ доштаанд. Ва ҳамакнун дар дуконҳои усто Абдулҳай 20 нафар кор мекунанд, ки бархе аз ишон ба мартабаи устодӣ ҳам расидаанд.

Бартарии дигари сафолҳои Ҳоҷӣ Абдулҳай ин аст, ки онҳоро усто аз рӯи нақши қаблан матраҳшуда мерезад ва аз рӯи ҳамин нақш онро ба ҳам меоранд. Яъне ҳар хишти сафол мавқеъи худро дорад. Аз ҷониби дигар, ранг ва тарсими сафолҳо куллан фарқ дорад. Ҳоҷӣ Абдулҳай мегӯяд, дар маҷмӯъ 15 тарсим меофарад, ки ҳар яке аз тамаддуни аҳди қадими ориёӣ ва Ислом маншаъ доранд. Тарсими сафолакҳои усто Абдулҳай дар бастагӣ ба маънии ном ба ҳам пайвастагии ногусастание доранд. Ба гунаи мисол, ҳар хишт дар тарсими Мадохир вориди ҳамдигаранд ва дар Гиреҳи Ислим ба ҳам мепечанд ва Қош рӯи онҳо дар ҷилва меояд. Ҳамин анвоъи тарсимро дар мадрасаҳои Бухорову Самарқанд метавон дид, ки дигар дар бинову коху кӯшкҳои ҷадид ба чашм намехӯранд.

Ин дар мавридест, ки сафолакоҳи усто Абдулҳай дар нисбат ба сафолакҳои ҷадид камарзиш низ будаанд. Як метрии мураббаъи нақши кулолӣ 10 доллари амрикоӣ арзиш доранд. Ва зиннати Хуҷанди Бостонианд.

Ҳунари кошикорӣ, ки тавассути сафолакҳои тарроҳишуда нақшандозӣ мегарданд ва биноҳоро рангин мекунанд, нодиртарин касб дар кишвар аст. Охирин хонаводае, ки дар асри 20 дар Хуҷанд ба сар мебурд ва бо усули атиқа сафолак меофарид, хонаводаи устод Абдуваҳҳоб будаанд, ки ин ҳунари таборӣ бо даргузашти охирон намояндаи сулолаи мазбур аз фаъолият вомонд.Дар ин зимн хонаводаи Ҳоҷӣ Абдулҳай охирин сулолаи кулолгарони тоҷик аст, ки аз ин ҳунари аҳди қадим из мегузоранд ва ҳамзамон ин ҳунарро зинда медоранд.
XS
SM
MD
LG