Пайвандҳои дастрасӣ

Карим Юлдошевро кӣ кушт?


Ҳафтаномаи русизабони «Курйер Таджикистана" дар матлабе дурнамои ҳузури низомии Амрико дар минтақаи Авруосиёро ба баррасӣ гирифта навиштааст, муроҷиати ахири кишварҳои узви Созмони Шанхай унвонии Амрико ва ба ин созмон чун нозир пазируфтани кишварҳое, ки зоҳиран рақиби геополитикии Амрико дар минтақа шумурда мешаванд, гувоҳ бар он аст, ки сиёсати хориҷии ин кишвар дар минтақаи Авруосиё вориди марҳалаи бӯҳронӣ мегардад. Ба эътиқоди таҳлилгар, нокомии кӯчаки сиёсати Амрико дар ин минтақа марбут ба он аст, ки дар пайгирӣ аз ин сиёсат вижагии хоси кишвару миллатҳо, ба истилоҳ "менталитети шарқӣ" ба инобат гирифта нашудаааст. Аз нигоҳи таҳлилгари нашрияи мазкур, маҳз ба ин далел барномаҳои Амрико роҷеъ ба дастгирӣ аз мардум ба гунаи матлуб таҳаққуқ намеёбанд.

«Тоҷикистон» дар шумораи ахираш мусоҳибаи ихтисосие бо Ричард Ҳоугленд, сафири Амрико дар Тоҷикистонро ба нашр расонидаааст. Сафири Амрико дар ин мусоҳиба фарзияи рӯёрӯии Русия ва кишварашро дар Осиёи Марказӣ аз эҳтимол дур дониста гуфтааст, мумкин нест, ки миёни Русияву Амрико барои Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ зиддият ба амал ояд. Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ афзудааст Ричард Ҳоугленд, соҳибистиқлоланд ва худ интихоб менамоянд, ки ҳамкорӣ бо кадом кишвар барояшон муфидтар аст. Дипломати воломақоми амрикоӣ гуфтааст, онҳое ки дар бораи ба истилоҳ мусобиқа ва ё муқовимати Русияву Амрико дар Осиёи Марказӣ андеша меронанд, сатҳи тафаккури айёми ҷанги сардро доранд ва аз ин нигоҳ ба вазъ баҳо медиҳанд.

«Наҷот» аз қавли Муҳиддин Кабирӣ, узви порлумони Тоҷикистон навиштааст, фаъолияти порлумони кишвар бояд шаффоф сурат бигирад. Ба навиштаи ин ҳафтанома, он иттиллоте, ки тариқи радиову телевизиони давлатӣ роҷеъ ба кори порлумон пахш мегардад, якрангу қолабӣ аст. Мусоҳиби «Наҷот» афзудааст, агар миёни вакилон ва интихобкунандагон муколамаи мустақими радиову телевизионӣ роҳандозӣ шавад, мардум бо ҷараёни кори порлумон бештар ошно мегарданд ва ҳамзамон, ин тасаввур, ки вакилон хомӯшу яковозаанд аз байн меравад.

«Азия - Плюс» нигоштааст, бо гузашти чор сол аз куштори Карим Юлдошев, мушовири давлатии президенти Тоҷикистон ҳанӯз ҳам қотилони собиқ мушовири президент Раҳмонов дар озодӣ ба сар мебаранд. Ҳафтаномаи ёдшуда бо истинод ба Вазорати амнияти Тоҷикистон иттилоъ додааст, таҳқиқи куштори Карим Юлдошев идома дорад ва дар ин замина мӯайян гардидааст, ки афроди гумонбар айни замон дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор доранд.
XS
SM
MD
LG